Skip to content
Opens in a new window

[1] Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд, ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд, чунки кувват дар дасти онҳост.

[2] Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд, ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд; ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай, ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.

[3] Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.

[4] Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд, ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард, ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем; насибаи қавми ман бадал шудааст. Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?! Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.

[5] Бинобар ин барои ту касе нахоҳад буд, ки дар ҷамоати Худованд қуръа барои андоза кардан партояд.

[6] „Нубувват накунед!“ Нубувват мекунанд: „Ба инҳо нубувват накунанд, расвоиҳо дур нахоҳад шуд“.

[7] Эй, ки номат хонадони Яъқуб аст! Оё Рӯҳи Худованд ношикеб гардидааст? Оё инҳо аъмоли Ӯст? Суханони Ман, охир, ба ҳар касе ки бо роҳи рост равон аст, некӣ меоварад.

[8] Ва онҳое ки дирӯз қавми Ман ба шумор мерафтанд, алҳол ҳамчун душман қиём кардаанд; шумо аз китфи роҳгузаре курта ва ҷомаро кашида мегиред; касонеро, ки оромона мегузаранд, тавре ба қалам медиҳед, ки гӯё аз ҷанг гашта омада бошанд.

[9] Занони қавми Маро аз хонаҳои дилписандашон бадар меронед; аз кӯдакони онҳо зинати Маро ба сурати абадӣ мегиред.

[10] Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест; ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид, ва ин ҳалокати сахте хохад буд.

[11] Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт: „Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, — вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.

[12] Тамоми туро, эй Яъқуб, ҷамъ хоҳам кард, бақияи Исроилро фароҳам хоҳам овард, онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт; онҳо мисли рамае ки андаруни чарогоҳаш бошад, аз бисьёрии одамон ғалоғула хоҳанд бардошт.

[13] Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».

Китоби Микои Набӣ — Chapters