[1] Ва сарнаслҳои левизодагон назди Элъозори коҳин ва назди Еҳушаъ ибни Нун ва назди сарнаслҳои хонадонҳои банӣ‐Исроил омаданд,
[2] Ва ба онҳо дар Шилӯ, дар замини Канъон, сухан ронда, гуфтанд: «Худованд ба воситаи Мусо амр фармудааст, ки ба мо шаҳрҳо барои истиқомат, ва ҳаволии онҳо барои чорпоёни мо дода шавад».
[3] Ва банӣ‐Исроил, мувофиқи амри Худованд, аз мулки худ ин шаҳрҳоро бо ҳаволии онҳо ба левизодагон доданд.
[4] Ва қуръа барои қабилаҳои қаҳотиён баромад; ва барои писарони Ҳоруни коҳин, ки аз левизодагон буданд, аз хонадони Яҳудо ва аз хонадони Шимъӯн ва аз хонадони Биньёмин, мувофиқи қуръа, сездаҳ шаҳр расид.
[5] Ва барои бақияи писарони Қаҳот аз қабилаҳои хонадони Эфроим ва аз хонадони Дон ва аз нисфи хонадони Менашше, мувофиқи куръа, даҳ шаҳр расид.
[6] Ва барои писарони Ҷершӯн аз қабилаҳои хонадони Иссокор ва аз хонадони Ошер ва аз хонадони Нафтолӣ ва аз нисфи хонадони Менашше дар Бошон, мувофиқи қуръа, сездаҳ шаҳр расид.
[7] Барои писарони Марорӣ, мувофиқи қабилаҳои онҳо, аз хонадони Реубен ва аз хонадони Ҷод ва аз хонадони Забулун дувоздаҳ шаҳр расид.
[8] Ва банӣ‐Исроил ба левизодагон ин шаҳрҳоро бо ҳаволии онҳо мувофиқи қуръа доданд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо фармуда буд.
[9] Ва аз хонадони банӣ‐Яҳудо ва аз хонадони банӣ‐Шимъӯн ин шаҳрҳоро, ки ном бурда шудааст, доданд;
[10] Ва инҳо ба писарони Ҳорун, ки аз қабилаҳои қаҳотиён, аз банӣ‐Левӣ буданд, расид, зеро ки қуръаи аввалин аз они онҳо шуд;
[11] Ва падари аноқиён Қирьят‐Арбаъро, ки Ҳебрӯн бошад, дар кӯҳи Яҳудо бо ҳаволии гирду пеши он ба онҳо доданд.
[12] Вале киштзори шаҳрро бо деҳоташ ба Колеб ибни Ефунне барои моликият доданд.
[13] Ва ба писарони Ҳоруни коҳин шаҳри гурезгоҳи қотил — Ҳебрӯнро бо ҳаволии он, ва Либноро бо ҳаволии он доданд,
[14] Ва Яттиро бо ҳаволии он, ва Эштемӯаро бо ҳаволии он,
[15] Ва Ҳӯлӯнро бо ҳаволии он, ва Дабирро бо ҳаволии он,
[16] Ва Айинро бо ҳаволии он, ва Ютторо бо ҳаволии он, ва Байт‐Шемешро бо ҳаволии он, яъне нӯҳ шаҳрро аз ин ду сибт доданд.
[17] Ва аз хонадони Биньёмин — Ҷибъӯнро бо ҳаволии он, Ҷобаъро бо ҳаволии он,
[18] Анотӯтро бо ҳаволии он, Алмӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[19] Ҷамъи шаҳрҳои писарони Ҳоруни коҳин сездаҳ шаҳр бо ҳаволии он буд.
[20] Ва барои қабилаҳои банӣ‐Қаҳот, яъне левизодагони дигаре ки аз банӣ‐Қаҳот буданд, шаҳрҳо мувофиқи қуръаи онҳо аз хонадони Эфроим буд.
[21] Ба онҳо шаҳри гурезгоҳи қотил — Шакемро бо ҳаволии он дар кӯҳи Эфроим доданд; ва Ҷозарро бо ҳаволии он,
[22] Ва Қибсаимро бо ҳаволии он, ва Байт‐Ҳӯрӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[23] Ва аз хонадони Дон — Элтақеро бо ҳаволии он, Ҷибтӯнро бо ҳаволии он,
[24] Аёлӯнро бо ҳаволии он, Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[25] Ва аз нисфи хонадони Менашше — Таънокро бо ҳаволии он, ва Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.
[26] Ҷамъ даҳ шаҳр бо ҳаволии онҳо барои қабилаҳои дигари банӣ‐Қаҳот буд.
[27] Ва ба писарони Ҷершӯн, ки аз қабилаҳои левизодагон буданд, аз нисфи хонадони Менашше шаҳри гурезгоҳи қотил — Ҷӯлонро, ки дар Бошон буд, бо ҳаволии он, ва Беэштароро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.
[28] Ва аз хонадони Иссокор — Қишйӯнро бо ҳаволии он, Добратро бо ҳаволии он,
[29] Ярмутро бо ҳаволии он, Эйн‐Ҷаннимро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[30] Ва аз хонадони Ошер — Мишъолро бо ҳаволии он, Абдӯнро бо ҳаволии он,
[31] Ҳелқатро бо ҳаволии он, ва Раҳӯбро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[32] Ва аз хонадони Нафтолӣ — шаҳри гурезгоҳи қотил Қодешро дар Ҷалил бо ҳаволии он, ва Ҳаммӯт‐Дӯрро бо ҳаволии он, ва Қартонро бо ҳаволии он, яъне се шаҳрро доданд.
[33] Ҷамъи шаҳрҳои ҷершӯниён мувофиқи қабилаҳои онҳо сездаҳ шаҳр бо ҳаволии онҳо буд.
[34] Ва барои қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, ки аз левизодагони боқимонда буданд, аз хонадони Забулун Ёқнеомро бо ҳаволии он, Қарторо бо ҳаволии он,
[35] Димноро бо ҳаволии он, Наҳалолро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[36] Ва аз хонадони Реубен шаҳри гурезгоҳи қотил Босарро дар биёбон бо ҳаволии он, ва Яҳсоро бо ҳаволии он,
[37] Қадемӯтро бо ҳаволии он, ва Мефоатро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
[38] Ва аз хонадони Ҷод шаҳри гурезгоҳи қотил Ромӯтро дар Ҷилъод бо ҳаволии он, ва Маҳаноимро бо ҳаволии он,
[39] Ҳешбӯнро бо ҳаволии он, Яъзирро бо ҳаволии он, ҷамъ чор шаҳрро доданд.
[40] Ҳамаи ин шаҳрҳо барои банӣ‐Марорӣ мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне барои онҳое буд, ки аз қабилаҳои левизодагон боқӣ монда буданд; ва аз рӯи қуръаи онҳо дувоздаҳ шаҳр баромад.
[41] Ҳамаи шаҳрҳои левизодагон дар миёни мулки банӣ‐Исроил чилу ҳашт шаҳр бо ҳаволии онҳо буд.
[42] Ин шаҳрҳо ҳар яке дар гирду пеши худ ҳаволӣ доштанд: вазъияти ҳамаи ин шаҳрҳо чунин буд.
[43] Ва Худованд ба Исроил тамоми заминеро, ки қасам хӯрда буд ба падаронашон бидиҳад, дод, ва онҳо онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд.
[44] Ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ дод, чунон ки ба падаронашон қасам хӯрда буд; ва касе аз ҳамаи душманонашон натавонист пеши онҳо истодагӣ кунад: ҳамаи душманони онҳоро Худованд ба дасташон супурд.
[45] Аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд ба хонадони Исроил дода буд, сухане зоеъ нарафт: ҳамааш ба амал омад.