[1] Ва қуръа барои банӣ‐Юсуф аз Урдуни назди Ериҳӯ, ба тарафи шарқии обҳои Ериҳӯ, ба самти биёбоне ки аз Ериҳӯ сӯи кӯҳи Байт‐Ил мебарояд, афтод.
[2] Ва аз Байт‐Ил сӯи Луз берун омада, ба ҳудуди Аркӣ то Аторӯт мегузашт,
[3] Ва ба самти ғарб ба ҳудуди Яфлетӣ, то сарҳади Байт‐Ҳӯрӯни поён ва то Ҷозар фурӯд меомад, ва интиҳои он баҳр буд.
[4] Ва банӣ‐Юсуф, Менашше ва Эфроим, мулки худро гирифтанд.
[5] Ва ҳудуди банӣ‐Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо чунин буд, ва сарҳади мулки онҳо ба тарафи шарқ Атрӯт‐Аддор то Байт‐Ҳӯрӯни боло буд.
[6] Ва сарҳад ба самти ғарб аз шимоли Михматот берун меомад, ва сарҳад ба тарафи шарқии Таанат‐Шилӯ мегашт, ва аз ҷониби шарқии Ёнӯҳо аз он мегузашт.
[7] Ва аз Ёнӯҳо сӯи Аторӯт ва Наарото фурӯд меомад, ва ба Ериҳӯ расида, ба Урдун мепайваст.
[8] Ва сарҳад ба тарафи ғарб аз Тапуҳа ба водии Қоно мерафт, ва интиҳои он баҳр буд; ин аст мулки хонадони банӣ‐Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо;
[9] Илова бар шаҳрҳое ки барои банӣ‐Эфроим андаруни мулки банӣ‐Менашше ҷудо карда шуда буд; ҳамаи шаҳрҳо бо деҳоти онҳо буд.
[10] Валекин канъониёнеро, ки дар Ҷозар сокин буданд, бадар наронданд; ва канъониён то имрӯз дар миёни эфроимиён сокинанд ва хироҷгузори меҳнатӣ мебошанд.