[1] Ва Еҳушаъ пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ту пир ва солхӯрда шудаӣ, ва ҳанӯз замини бағоят бисьёр барои тасарруф кардан боқист.
[2] Ин аст замине ки боқӣ мондааст: ҳамаи ноҳияҳои фалиштиён ва ҳамаи ҷашуриён,
[3] Аз Шиҳӯр, ки дар рӯ ба рӯи Миср аст, то сарҳади Эқрӯн ба самти шимол, ки аз они Канъон ба шумор меравад; панҷ ҳокими фалиштиён: аз они Ғазза, аз они Ашдӯд, аз они Ашқалӯн, аз они Ҷат, аз они Эқрӯн ва аз они аввиён;
[4] Аз ҷануб тамоми замини канъониён, ва Маоро, ки аз они сидӯниён аст, то Афиқ ва то сарҳади амӯриён;
[5] Ва кишвари Ҷабал, ва тамоми Лубнон ба самти тулӯи офтоб, аз Баал‐Ҷод, ки дар домани кӯҳи Ҳермӯн аст, то даромадгоҳи Ҳамот.
[6] Ҳамаи сокинони кӯҳистонро аз Лубнон то Мисрефӯт‐Маим, яъне ҳамаи сидӯниёнро Ман аз пеши банӣ‐Исроил бадар хоҳам ронд; лекин ту онро ба исроилиён қуръа партофта барои моликият тақсим намо, чунон ки ба ту амр фармудаам.
[7] Ва алҳол ин заминро ба нӯҳ сибт ва нисфи сибти Менашше барои моликият тақсим намо».
[8] Бо нисфи дигари ин сибт сибтҳои Реубен ва Ҷод моликияти худро гирифтаанд: онро Мусо ба онҳо дар он тарафи Урдун, ба самти шарқ, додааст, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, онро ба онҳо бахшида буд,
[9] Аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт аз Мидбо то Дибӯн,
[10] Ва ҳамаи шаҳрҳои Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, то сарҳади банӣ‐Аммӯн,
[11] Ва Ҷилъод ва замини ҷашуриён ва маъхотиён ва тамоми кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми Бошон то Салхо;
[12] Тамоми мамлакати Ӯҷи бошонӣ, ки дар Ашторӯт ва Эдрей подшоҳӣ мекард, — ӯ аз бақияи рафоиён буд, ва онҳоро Мусо зарба зада, бадар ронда буд.
[13] Валекин банӣ‐Исроил ҷашуриён ва маъхогиёнро бадар наронданд; ва ҷашуриён ва маъхотиён то имрӯз дар миёни исроилиён сукунат доранд.
[14] Фақат ба сибти Левӣ ӯ моликияте набахшид: қурбониҳои Худованд Худои Исроил моликияти ӯст, чунон ки ба ӯ гуфта буд.
[15] Ва Мусо ба хонадони банӣ‐Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо дод,
[16] Ва худуди онҳо аз Арӯэр буд, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт то Мидбо,
[17] Ҳешбӯн ва ҳамаи шаҳрҳояш, ки дар дашт воқеъ аст: Дибӯн ва Бомӯт‐Баал ва Байт‐Баал‐Маӯн,
[18] Ва Яҳсо ва Қадимӯт ва Мифоат,
[19] Ва Қирьётоим ва Сибмо ва Сорат‐Шаҳар, ки дар кӯхи Эмак аст,
[20] Ва Байт‐Фаӯр ва домани Фисҷа ва Байт‐Ешимӯт,
[21] Ва ҳамаи шаҳрҳои дашт ва тамоми мамлакати Сихӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, ва Мусо ӯ ва раисони Мидьёнро: Эвӣ ва Роқам ва Сур ва Ҳур ва Робаъро, ки ин мирони Сиҳӯн дар он замин сокин буданд, маҳв намуда буд;
[22] Ва Билъом ибни Баӯрро, ки ҷодугар буд, банӣ‐Исроил дар миёни куштагони худ кушта буданд.
[23] Ва сарҳади банӣ‐Реубен Урдун ва ҳудуди он буд; ҳамин аст моликияти банӣ‐Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
[24] Ва Мусо ба хонадони Ҷод, яъне ба банӣ‐Ҷод, мувофиқи қабилаҳои онҳо бахшид,
[25] Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Яъзир ва ҳамаи шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини банӣ‐Аммӯн то Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯи Рабба мебошад;
[26] Ва аз Ҳешбӯн то Ромот‐Мисфо ва Батӯним, ва аз Маҳаноим то сарҳади Дабир;
[27] Ва дар водӣ: Байт‐Ҳором ва Байт‐Нимро ва Суккӯт ва Софӯн, бақияи мамлакати Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, Урдун ва ҳудуди он, то канори баҳри Кинерет, дар он тарафи Урдун ба самти шарқ;
[28] Ҳамин аст моликияти банӣ‐Ҷод мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
[29] Ва Мусо ба нисфи сибти Менашше бахшид, ва ин барои нисфи хонадони банӣ‐Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо буд,
[30] Ва ҳудуди онҳо чунин буд: аз Маҳаноим тамоми Бошон, тамоми мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ва тамоми деҳоти Ёир, ки дар Бошон аст, шаст шаҳр.
[31] Ва нисфи Ҷилъод, ва Ашторӯт ва Эдрей, шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон, барои писарони Мокир ибни Менашше, барои нисфи банӣ‐Мокир мувофиқи қабилаҳон онҳо буд.
[32] Ҳамин аст моликияте ки Мусо дар саҳрои Мӯоб, аз он тарафи Урдун назди Ериҳӯ ба самти шарқ бахшида буд.
[33] Вале ба сибти Левӣ Мусо ҳеҷ мулке надодааст: Худованд Худои Исроил мулки онҳост, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфтааст.