Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва қуръа барои хонадони банӣ‐Яҳудо, мувофиқи қабилаҳои онҳо, назди сарҳади Адӯм, яъне биёбони Син, ба тарафи ҷануб, аз охири ҷануб афтод.

[2] Ва сарҳади ҷанубии онҳо аз охири баҳри Намак, аз халиҷе ки ба тарафи ҷануб паҳн шуда меравад, буд.

[3] Ва дар ҷануб он сӯи баландии Ақрабим берун омада, ба Син мегузашт, ва аз тарафи ҷанубӣ ба Қодеш‐Барнеа баромада, аз Ҳесрӯн мегузашт, ва ба Аддоро баромада, ба самти Қарқоъ мегашт.

[4] Ва аз Асмӯн гузашта, ба водии Миср берун меомад, ва интиҳои ин ҳудуд баҳр буд; ин сарҳади ҷанубии шумо хоҳад буд.

[5] Ва сарҳади шарқӣ баҳри Намак то охири Урдун буд; ва сарҳади тарафи шимол аз халиҷи баҳр, аз резишгоҳи Урдун буд.

[6] Ва сарҳад сӯи Байт‐Ҳоҷло баромада, аз шимоли Байт‐Аробо мегузашт; ва сарҳад сӯи санги Бӯҳан, писари Реубен, мебаромад.

[7] Ва сарҳад аз водии Охӯр сӯи Дабир мебаромад, ва дар шимол ба тарафи Ҷилҷол мегашт, ки он дар рӯ ба рӯи Маале‐Адумим, дар ҷануби водӣ воқеъ буд; ва сарҳад аз пеши обҳои Эйн‐Шемеш мегузашт, ва интиҳои он назди Эйн‐Рӯҷил буд.

[8] Ва сарҳад сӯи дараи Бен‐Ҳиннӯм, аз ҷануби барҷастагии Ябусӣ, ки Ерусалим бошад, мебаромад; ва сарҳад сӯи қуллаи кӯҳ мебаромад, ки он ба самти ғарб дар рӯ ба рӯи дараи Ҳиннӯм ва ба самти шимол дар охири водии Рафоим воқеъ буд.

[9] Ва сарҳад аз қуллаи кӯҳ сӯи чашмаи обҳои Нефтӯҳа гашта, назди шаҳрҳои кӯҳи Эфрӯн берун меомад; ва сарҳад сӯи Баал, ки Қирьят‐Еорим бошад, мегашт.

[10] Ва сарҳад аз Баал ба самти ғарб сӯи кӯҳи Сеир мегашт, ва аз тарафи шимол сӯи барҷастагии кӯҳи Еорим, ки Касолӯн бошад, мегузашт, ва сӯи Байт‐Шемеш фурӯд омада, аз Тимно мегузашт.

[11] Ва сарҳад ба тарафи шимол сӯи барҷастагии Эқрӯн берун меомад; ва сарҳад ба самти Шикрӯн мегашт, ва аз кӯҳи Баал гузашта, назди Ябнаил берун меомад; ва интиҳои сарҳад баҳр буд.

[12] Ва сарҳади ғарбӣ баҳри Бузург буд; ва ин аст ҳудуди банӣ‐Яҳудо аз ҳар тараф мувофиқи қабилаҳои онҳо.

[13] Ва ба Колеб ибни Ефунне, бар тибқи он чи Худованд ба Еҳушаъ гуфта буд, ӯ дар миёни банӣ‐Яҳудо ҳиссае, яъне падари аноқиён Қирьят‐Арбаъро дод, ки Ҳебрӯн бошад.

[14] Ва Колеб се писари Аноқ: Шешай, Аҳиман ва Талмайро, ки зодагони Аноқ буданд, аз он ҷо бадар ронд.

[15] Ва аз он ҷо бар зидди сокинони Дабир баромад; ва номи Дабир пештар Қирьят‐Сефер буд.

[16] Ва Колеб гуфт: «Касе ки ба Қирьят‐Сефер шикаст расонад ва онро бигирад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».

[17] Ва Отниил ибни Қеназ, додари Колеб, онро гирифт, ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.

[18] Ва чун духтар назди вай омад, варо моил намуд, ки ӯ аз падари худ киштзоре биталабад, ва ӯ аз болои хар фурӯд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт: «Ту чӣ мехоҳӣ?»

[19] Ва ӯ гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.

[20] Ин аст мулки хонадони банӣ‐Яҳудо мувофиқи қабилаҳои онҳо.

[21] Ва шаҳрҳои интиҳоии хонадони банӣ‐Яҳудо назди сарҳади Адӯм дар ҷануб инҳо буданд: Қабсаил, Эдер ва Ёҷур,

[22] Қино, Димӯна ва Адъодо,

[23] Қодеш, Ҳосӯр ва Итнон,

[24] Зиф, Телем ва Баалӯт,

[25] Ҳосӯр‐Ҳадатто, Қарийӯт, Ҳесрӯн, ки Ҳосӯр бошад,

[26] Амом, Шамаъ ва Мӯлодо,

[27] Ҳасар‐Ҷаддо, Ҳешмӯн ва Байт‐Полот,

[28] Ҳасар‐Шуол, Беэр‐Шобаъ ва Бизйӯтьё,

[29] Баал, Ийим ва Осам,

[30] Элтӯлад, Касил ва Ҳормо,

[31] Сиклаг, Мадманно ва Сансанно,

[32] Лебоӯт, Шилҳим, Айин ва Риммӯн, — ҷамъ бисту нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.

[33] Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,

[34] Зонӯҳа, Эйн‐Ҷанним, Тапуҳа ва Эном,

[35] Ярмут, Адуллом, Сӯхӯ ва Азеқо,

[36] Шаароим, Адитоим, Ҷадиро ва Ҷадирӯтоим, — чордаҳ шаҳр бо деҳоташон.

[37] Санон, Ҳадошо ва Мичдал‐Ҷод,

[38] Дилъон, Мисфо ва Ёқтаил,

[39] Лохиш, Босқат ва Эҷлӯн,

[40] Каббӯн, Лаҳмос ва Китлиш,

[41] Ҷадирӯт, Байт‐Доҷӯн, Наамо ва Маққедо, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.

[42] Либно, Этер ва Ошон,

[43] Ифтоҳ, Ашно ва Насиб,

[44] Қаило, Акзиб ва Морешо, — нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.

[45] Эқрӯн бо қасабаҳо ва деҳоти он.

[46] Аз Эқрӯн то баҳр ҳар он чи назди Ашдӯд бо деҳоти онҳо буд.

[47] Ашдӯд, қасабаҳо ва деҳоти он, Ғазза, қасабаҳо ва деҳоти он, то водии Миср ва баҳри Бузург ва соҳили он.

[48] Ва дар кӯҳистон: Шомир, Яттир ва Сӯхӯ,

[49] Данно, Қирьят‐Санно, ки Дабир бошад,

[50] Аноб, Эштемӯ ва Оним,

[51] Ҷӯшан, Ҳӯлӯн ва Ҷилӯ, — ёздаҳ шаҳр бо деҳоташон.

[52] Ароб, Думо ва Эшъон,

[53] Ёнум, Байт‐Тапуҳа ва Афиқо,

[54] Ҳумто, Қирьят‐Арбаъ, ки Ҳебрӯн бошад, ва Сиӯр, — нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.

[55] Моӯн, Кармил, Зиф ва Ютто,

[56] Изреъил, Ёқдаом ва Зонӯҳа,

[57] Қайин, Ҷибъо ва Тимно, — даҳ шаҳр бо деҳоташон.

[58] Ҳалҳул, Байт‐Сур ва Ҷадӯр,

[59] Маарот, Байт‐Анӯт ва Элтақӯн, — шаш шаҳр бо деҳоташон.

[60] Қирьят‐Баал, ки Қирьят‐Еорим бошад, ва Ҳораббо, — ду шаҳр бо деҳоташон.

[61] Дар биёбон: Байт‐Аробо, Миддин ва Сахохо,

[62] Нибшон, Ир‐Мелаҳ ва Эйн‐Ҷадӣ, — шаш шаҳр бо деҳоташон.

[63] Вале ябусиёнро, ки сокинони Ерусалим буданд, банӣ‐Яҳудо натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён бо банӣ‐Яҳудо то имрӯз дар Ерусалим сокинанд.

Китоби Еҳушаъ ибни Нун — Chapters