Skip to content
Opens in a new window

[1] Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!

[2] Ба Кална убур намоед ва бубинед, ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед, ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед: оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд? Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?

[3] Онҳое ки рӯзи бадро дур меандозанд, ва ҳокимияти ситамро наздик меоваранд;

[4] Онҳое ки бар ҷогаҳои оҷ мехобанд, ва бар бистарҳои худ меёзанд, ва барраҳои фарбеҳро аз миёни рама ва гӯсолаҳоро аз пеши охур гирифта мехӯранд;

[5] Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд, ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусикӣ ихтироъ мекунанд;

[6] Онҳое ки аз косаҳо шароб менӯшанд, ва худро бо равғанҳои беҳтарин тадҳин менамоянд, ва дар бораи шикасти Юсуф афсӯс намехӯранд, —

[7] Бинобар ин онҳо акнун дар сари асирон ба асирӣ хоҳанд рафт, ва шавқуни айёшон хотима хоҳад ёфт.

[8] Худованд Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад, ва Худованд Худои лашкарҳо мегӯяд: «Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам, ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям, ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».

[9] Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар даҳ одам дар як хона боқӣ монда бошанд, онҳо низ хоҳанд мурд.

[10] Ва ҳангоме ки варо хешованди вай ва сӯзонандаи вай бардорад, то ки устухонҳоро аз хона берун оварад, ва ба касе ки дар як гӯшаи хона бошад, бигӯяд: «Оё боз касе бо ту ҳаст?», вай ҷавоб хоҳад дод: «Ҳеҷ кас нест»; ва ӯ хоҳад гуфт: «Хомӯш бош! — то ки исми Худованд зикр карда нашавад».

[11] Зеро инак, Худованд амр мефармояд, ва хонаи калон гард‐гард мешавад, ва хонаи хурд — пора‐пора.

[12] Оё аспон бар сахра метозанд? Оё онро бо говҳо шудгор кардан мумкин аст? Зеро ки шумо инсофро ба гиёҳи заҳрдор табдил додаед, ва самари адолатро — ба явшон.

[13] Шумо, ки аз ночизе шод мешавед ва мегӯед: «Оё бо қуввати худ шохҳо барои худ ба даст наовардем?» —

[14] «Инак Ман», мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, «халқеро бар зидди шумо, эй хонадони Исроил, бармеангезам, ва шуморо аз даромадгоҳи Ҳамот то наҳри Аробо ба танг хоҳанд овард».

Китоби Омӯси Набӣ — Chapters