[1] Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:
[2] «Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.
[3] Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?
[4] Оё шер дар ҷангал наъра мезанад, агар нахҷире пеши вай набошад? Оё шербача садояшро аз лонаи худ мебарорад, агар сайде ба даст наоварда бошад?
[5] Оё мурғ ба доми рӯи замин меафтад, агар тузоқе барои вай набошад? Оё дом аз рӯи замин бардошта мешавад, агар чизе дар он наафтода бошад?
[6] Агар дар шаҳр шох навохта шавад, оё қавм ба изтироб намеоянд? Агар бар шаҳр мусибате ояд, оё онро Худованд ба амал наовардааст?
[7] Оре, Худованд Худо коре намекунад, бе он ки сирри Худро ба бандагонаш анбиё ошкор созад.
[8] Шер наъра задааст, — кист, ки ҳаросон нашавад? Худованд Худо сухан рондааст, — кист, ки нубувват накунад?»
[9] Бар қасрҳои Ашдӯд ва бар қасрҳои замини Миср эълон намоед ва бигӯед: «Бар кӯҳҳои Сомария ҷамъ шавед, ва бетартибиҳои зиёдеро, ки андаруни он аст, ва ситамҳоеро, ки дар миёни он аст, бубинед».
[10] «Ва онҳо росткориро намедонанд», мегӯяд Худованд, «самараи зулм ва тороҷро дар қасрҳои худ захира мекунанд».
[11] Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: «Душман омада, дар гирдогирди замин ҷойгир хоҳад шуд; ва шукӯҳи туро аз ту фурӯд хоҳад овард, ва қасрҳои ту гирифтори тороҷ хоҳад шуд».
[12] Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки чӯпон ду соқи по ё нармаи гӯшро аз даҳони шер раҳо мекунад, ончунон банӣ‐Исроил, ки дар Сомария бар гӯшаи бистар ва бар ҷогаҳи димишқӣ нишастаанд, раҳо хоҳанд шуд».
[13] «Бишнавед ва ба хонадони Яъқуб шаҳодат диҳед», мегӯяд Худованд Худо, Худои лашкарҳо,
[14] «Зеро дар рӯзе ки Ман Исроилро барои ҷиноятҳояш ба ҷазо мустаҳиқ намоям, барои қурбонгоҳҳои Байт‐Ил низ ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам намуд, ва шохҳои қурбонгоҳ шикаста, бар замин хоҳад афтод.
[15] Ва хонаи зимистониро бо якҷоягии хонаи тобистонӣ хароб хоҳам кард, ва хонаҳои оҷ талаф хоҳад шуд, ва хонаҳои бисьёр нест хоҳад гардид», мегӯяд Худованд.