[1] Ин каломро, ки ман дар ҳаққи шумо, эй хонадони Исроил, ҳамчун марсия ба забон меронам, бишнавед:
[2] Дӯшизаи Исроил фурӯ ғалтидааст ва дигар нахоҳад бархост; бар замини худаш партофта шудааст, ва касе нест, ки варо бархезонад.
[3] Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Аз шаҳре ки бо ҳазор нафар берун меояд, сад нафар барои хонадони Исроил боқӣ хоҳанд монд, ва аз шаҳре ки бо сад нафар берун меояд, даҳ нафар боқӣ хоҳанд монд».
[4] Зеро ки Худованд ба хонадони Исроил чунин мегӯяд: «Маро толиб бошед, ва хоҳед зист.
[5] Вале Байт‐Илро толиб набошед, ва ба Ҷилҷол наоед, ва ба Беэр‐Шобаъ нагузаред, зеро ки Ҷилҷол ба асирӣ хоҳад рафт, ва Байт‐Ил ба ҳеҷу пуч мубаддал хоҳад шуд».
[6] Худовандро толиб бошед, ва хоҳед зист; мабодо ғазаби Ӯ мисли оташ дар хонадони Юсуф даргирифта, варо фурӯ барад, ва касе набошад, ки онро дар Байт‐Ил хомӯш кунад.
[7] Эй, ки инсофро ба явшон мубаддал менамоед, ва адолатро бар замин мепартоед!
[8] Ӯ, ки Парвин ва Ҷабборро офаридааст, ва зулмотро ба субҳ табдил медиҳад, ва рӯзро шаби торик мегардонад, ва обҳои баҳрро даъват менамояд, ва онҳоро бар рӯи замин мерезад, — Худованд исми Ӯст.
[9] Ӯ ҳалокатро бар зидди зӯровар қувват медиҳад, ва ҳалокат ба қалъа дохил мешавад.
[10] Аз касе ки дар маҳкама далел меоварад, кароҳат доранд, ва аз шахси ростгӯй нафрат мекунанд.
[11] Бинобар ин, азбаски бенаворо поймол кардед, ва аз ғаллаи вай хироҷ гирифтед, — хонаҳо аз санги тарошида хоҳед сохт, вале дар онҳо сокин нахоҳед шуд; токҳои дилпазир хоҳед парварид, вале шароби онҳоро нахоҳед нӯшид,
[12] Зеро медонам, ки ҷиноятҳои шумо чӣ қадар бисьёр, ва гуноҳҳои шумо чӣ қадар азим аст: шахси одилро ба танг меоваред, ришва мегиред, ва нисбат ба камбағалон дар маҳкама каҷкорӣ мекунед.
[13] Бинобар ин шахси бохирад дар ин замон хомӯш мемонад, зеро ки замони бад аст.
[14] Некиро толиб бошед, на бадиро, то ки зист кунед; ва он гоҳ Худованд Худои лашкарҳо бо шумо хоҳад буд, чунон ки мегӯед.
[15] Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред, ва инсофро дар маҳкама аз нав барқарор намоед; шояд Худованд Худои лашкарҳо бар бақияи Юсуф марҳамат кунад.
[16] Бинобар ин Худованд Худо, Худои лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дар ҳамаи майдонҳо навҳа хоҳад буд, ва дар ҳамаи кӯчаҳо хоҳанд гуфт: „Ҳайҳот! Ҳайҳот!“ Ва зироаткорро барои мотам гирифтан, ва навҳагаронро барои навҳа кардан хоҳанд хонд.
[17] Ва дар ҳамаи токзорҳо навҳа хоҳад буд, зеро ки Ман андаруни ту хоҳам гузашт», мегӯяд Худованд.
[18] Вой ба ҳоли муштоқони рӯзи Худованд! Ин рӯзи Худованд ба шумо барои чӣ лозим аст? Он торикист ва на рӯшноӣ.
[19] Мисли ин ки касе аз шер гурехта, ба хирс дучор шавад, ва ба хона даромада, дасташро ба девор бимонад, ва море ӯро бигазад.
[20] Охир, рӯзи Худованд торикист ва на рӯшноӣ, ва тирагист, ва дурахше дар он нест.
[21] «Ман аз идҳои шумо кароҳат ва нафрат дорам, ва қурбониҳои шуморо дар маҷлисҳои қавматон қабул нахоҳам кард.
[22] Ҳатто агар қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордии худро барои Ман биёред, онҳо дилхоҳи Ман нахоҳад буд, ва ба қурбонии шукронаи говони парвории шумо назар нахоҳам андохт.
[23] Ғавғои сурудҳои худро аз Ман дур кун, ва навозиши барбатҳои туро Ман гӯш нахоҳам кард.
[24] Бигзор инсоф мисли об, ва адолат мисли наҳри бепоён ҷӯш зада ҷорӣ гардад!
[25] Оё шумо, эй хонадони Исроил, дар биёбон дар зарфи чил сол қурбониҳо ва ҳадияҳо барои Ман овардед?
[26] Балки Сиккути малики худ ва Кийюни бути худ, яъне кавкаби худоёни худро, ки барои худ сохта будед, бардошта гаштед.
[27] Ва шуморо Ман ҷалои ватан карда, ба он тарафи Димишқ хоҳам ронд», мегӯяд Худованд, ки Худои лашкарҳо исми Ӯст.