Skip to content
Opens in a new window

[1] «Ин каломро бишнавед, эй модаговони Бошон, ки бар кӯҳи Сомария буда, бенавоёнро зулм мекунед, камбағалонро ба танг меоваред ва ба оғоёни худ мегӯед: „Биёред, то ки бинӯшем!“

[2] Худованд Худо бо қудсияти Худ қасам хӯрдааст, ки инак, айёме бар шумо меояд, ки шуморо бо чангчаҳо хоҳанд кашид, ва бақияи шуморо — бо қалмоқҳои моҳигирӣ.

[3] Ва ҳар яке аз шумо аз рахнаи рӯ ба рӯяш берун хоҳад рафт, ва ҳарамсарои худро тарк хоҳад кард», мегӯяд Худованд.

[4] «Ба Байт‐Ил биёед ва ҷиноят кунед, ба Ҷилҷол омада, ҷиноятро афзун намоед, ва бомдодон қурбониҳои худро биёред, ва дар ҳар се рӯз — ушрҳои худро.

[5] Ва аз хамири туруш ҳадияи шукрона биёред, ва ҳадияҳои ихтиёриро нидокунон эълон намоед, зеро ки инро шумо, эй банӣ‐Исроил, дӯст медоред», мегӯяд Худованд Худо.

[6] «Ва Ман низ тозагии дандонҳоро дар ҳамаи шаҳрҳотон, ва камии нонро дар ҳамаи маконҳотон ба шумо додам, валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.

[7] «Ва Ман низ, вақте ки то дарав се моҳ монда буд, боронро аз шумо боздоштам, ва бар як шаҳр боронидам, ва бар шаҳри дигар наборонидам; як қитъаи саҳро шодоб гардид, ва қитъаи дигар, ки борон бар он наборид, хушк шуд.

[8] Ва аҳли ду‐се шаҳр сӯи як шаҳр барои нӯшидани об равона шуданд, вале сер нашуданд; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.

[9] «Шуморо бо боди самум ва хушкоӣ зарба задам; аксари боғҳо ва токҳо ва дарахтони анҷир ва зайтуни шуморо малах хӯрд; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.

[10] «Ваборо аз қабили он ки дар Миср воқеъ шудааст, бар шумо фиристодам; ҷавонони шуморо ба дами шамшер куштам, дар сурате ки аспҳотон ба асирӣ афтод; ва тааффуни ӯрдуҳои шумо баромада, ба димоғатон зад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.

[11] «Андаруни шумо харобӣ ба амал овардам, монанди харобие ки Худо дар Садӯм ва Амӯро ба амал овардааст, ва шумо мисли кундаи нимсӯхтае будед, ки аз миёни оташ бароварда шуда бошад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд,

[12] «Бинобар ин бо ту, эй Исроил, чунин амал хоҳам кард; ва азбаски бо ту чунин амал хоҳам кард, ту, эй Исроил, худро омода намо, ки бо Худои худ рӯ ба рӯ шавӣ».

[13] Зеро, инак Ӯ, ки кӯҳҳоро ба вуҷуд овардааст ва бодро офаридааст, ва ба одамизод фикрҳои Худро хабар медиҳад, рӯшноӣ ва зулмотро ба амал меоварад, ва бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад, — Худованд Худои лашкарҳо исми Ӯст.

Китоби Омӯси Набӣ — Chapters