Skip to content
Opens in a new window

Титус 1

Listen to this chapter • 3:53

[1] Салом Титус! Ман – Павлус, хизматгори Худо ва фиристодаи Исои Масеҳ вазифадорам, ки имони интихобшудагони Худоро устувор гардонам. Инчунин ростиеро ба онҳо таълим диҳам, ки худотарсиро меомӯзонад.

[2] Ин ростӣ ба онҳо умед мебахшад, ки ҳаёти абадиро соҳиб шаванд. Худо пеш аз офариниши олам қарор кард, ки ҳаёти абадиро ба мо медиҳад ва Ӯ ҳаргиз дурӯғ намегӯяд.

[3] Ҳоло Худо дар вақту соати муносибаш паёми Худро ошкор кард, ки он бо фармони Худо Наҷотдиҳандаи мо ба ман супурда шудааст, то ки онро ба одамон эълон кунам.

[4] Ба ту фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуямон дар имон шарик ҳастем, файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳро хоҳонам!

[5] Туро барои он дар ҷазираи Крит монда омадам, ки корҳои боқимондаро ба анҷом расонда, мувофиқи фармони ман дар ҷамоати имондорони ҳар шаҳр роҳбаронро таъйин намойӣ.

[6] Лекин шахсе, ки ӯро роҳбари ҷамоати имондорон таъйин мекунӣ, бояд беайб бошад. Ӯ бояд ба зани ягонааш вафодор бошад. Инчунин фарзандонаш бояд имондор бошанд, то ки касе онҳоро дар бадахлоқиву беитоатӣ айбдор карда натавонад.

[7] Сардор, ки корҳои Худоро назорат мекунад, бояд шахси беайб бошад. Ӯ бояд ҳавобаланд, бадқаҳр, майпараст, ҷангара ва чашмгурусна набошад.

[8] Баръакс вай бояд меҳмондӯст бошад ва некиро дӯст дорад. Ӯ бояд боандеша ва боинсоф бошад. Ҳамчунин худотарсона зиндагӣ кунад ва худро идора карда тавонад.

[9] Ӯ бояд ба паёми ростии таълим гирифтааш вафодор бошад, то ки бо таълимоти солим дигаронро рӯҳбаланд кунад ва муқобилони ростиро сарзаниш намояд.

[10] Бисёр шахсони беитоат, беҳудагӯй, фиребгар махсусан онҳое ҳастанд, ки барои наҷот ёфтан хатна лозим аст, мегӯянд.

[11] Ту бояд чунин одамонро манъ намоӣ, зеро онҳо бо таълими чизҳое, ки онро набояд таълим дод, ба хотири фоидаи худ тамоми аъзоёни оилаҳоро аз роҳ мезананд.

[12] Ҳатто пайғамбаре аз байни худи критиён мегӯяд, ки «Аҳолии ҷазираи Крит ҳамеша дурӯғгӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва шикампарастони танбаланд».

[13] Ин гуфтаҳо дурустанд. Барои ҳамин ту Титус, чунин одамонро сахт сарзаниш кун, то ки имонашон солим бошад ва

[14] ба афсонаҳои яҳудиёну фармудаҳои одамоне, ки аз ростӣ рӯй гардондаанд, гӯш наандозанд.

[15] Барои софдилон ҳама чиз пок аст, аммо барои касоне ки дилсиёҳу беимонанд, ягон чиз пок нест. Зеро ҳам фикру ҳам виҷдони онҳо нопок аст.

[16] Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, аммо бо корҳои худ Ӯро рад мекунанд. Онҳо беитоат буда, ягон кори нек карда наметавонанд. Худо аз онҳо нафрат дорад.

Титус — Chapters