2 Тимотиюс 4
[1] Вақте ки Исои Масеҳ боз меояд, Ӯ ҳамчун шоҳ ҳукмронӣ мекунад ва ҳамаро, яъне зиндагону мурдагонро доварӣ менамояд. Аз ин сабаб ман дар ҳузури Худо ва Исои Масеҳ ба ту супориш медиҳам, ки
[2] каломи Худоро эълон намо. Вақту бевақт омодаи кор бош. Босаброна ва бо таълимоти дуруст одамонро ислоҳу сарзаниш намо ва онҳоро рӯҳбаланд кун.
[3] Зеро замоне фаро мерасад, ки одамон таълими дурустро қабул намекунанд. Баръакс, барои шунидани суханони табъи дилҳои бадашон муаллимони дигареро даъват намуда, ба онҳо гӯш медиҳанд.
[4] Онҳо гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақиқат маҳкам карда, аз пайи шунидани афсонаҳо мераванд.
[5] Лекин ту дар ҳама ҳолат ҳушёр бош. Ҳангоми ба хотири Худованд азоб кашидан пуртоқат бош. Хушхабарро эълон намудан гир ва хизмати худро пурра иҷро кун.
[6] Ҳаёти ман мисли май то қатраи охиринаш дар қурбонгоҳ рехта шудааст, яъне хизматам ба охир расида истодааст. Ба наздикӣ аз дунё меравам.
[7] Ман ба мисли варзишгар хуб мубориза бурда, то охир давидам ва имонро нигоҳ доштам.
[8] Акнун маро мукофот, яъне тоҷи росткорӣ интизор аст. Онро Худованд – Довари боадолат дар рӯзи баргаштанаш ба ман хоҳад дод. Ин мукофотро на танҳо ман, балки ҳамаи онҳое низ мегиранд, ки бозгашти Исои Масеҳро беҳад интизоранд.
[9] Тимотиюс, кӯшиш намо, ки ҳарчи зудтар ба наздам – ба шаҳри Рум биёӣ.
[10] Чунки Димос чизҳои ин дунёро дӯст дошт ва маро тарк карда, ба шаҳри Тасолуникӣ рафт. Крискис ба вилояти Ғалотия ва Титус бошад, ба вилояти Далмотия рафт.
[11] Фақат Луқо ҳамроҳи ман аст. Ҳангоми омаданат Марқӯсро бо худ биёр, зеро ӯ ба хизмати ман ёрӣ мерасонад.
[12] Ман Тихикосро ба шаҳри Эфесус фиристодам.
[13] Ҳангоми омаданат ҷомаамро биёр. Ман онро дар шаҳри Трӯос дар хонаи Карпус монда будам. Инчунин китобҳо, бахусус қиматашонро биёр.
[14] Искандари оҳангар ба ман бисёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи амалаш вайро ҷазо медиҳад.
[15] Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, чунки ӯ сахт бар зидди суханони мо баромада буд.
[16] Дар суди якум ягон кас маро тарафдорӣ накард, ҳама маро тарк намуданд. Бигзор Худо инро ба онҳо гуноҳ ҳисоб накунад.
[17] Лекин Худованд маро тарафдорӣ намуд. Ӯ ба ман қувват дод, ки хушхабарро эълон намоям. Ба шарофати ман ғайрияҳудиён хушхабарро аз сар то охир шуниданд. Бале, Худованд маро тарафдорӣ карда, аз даҳони шер халос кард.
[18] Ӯ маро аз ҳар кори бад раҳоӣ дода, сиҳату саломат ба Подшоҳии осмониаш мебарад. Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин!
[19] Ба Прискилаву Акило ва аҳли оилаи Анисифӯрус аз номи ман салом расон.
[20] Арастус дар шаҳри Қуринтус монд ва Труфимуси беморро дар шаҳри Милитус гузоштам.
[21] Кӯшиш кун, ки пеш аз зимистон ба ин ҷо расида биёӣ. Авбулусу Пудис, Линусу Клавдия ва ҳамаи имондорон ба ту салом мерасонанд.
[22] Бигзор Худованд бо ту бошад ва ба ҳамаи шумо файзу меҳрубонӣ нишон диҳад.