Титус 2
[1] Аммо ту Титус, чизҳоеро ба имондорон таълим деҳ, ки ба таълимоти дуруст мувофиқ бошанд.
[2] Ба мӯйсафедон таълим деҳ, ки ҳушёр, сазовори ҳурмат ва боандеша бошанд. Инчунин ҳамеша имону муҳаббат ва сабрашонро нишон диҳанд.
[3] Ҳамчунин ба пиразанон таълим деҳ, ки худотарсона рафтор кунанд. Онҳо набояд ғайбатчӣ ва майпараст бошанд. Баръакс бояд ба ҷавонзанон некӯиро ёд диҳанд,
[4] то ки онҳо шавҳару кӯдакони худро дӯст доранд.
[5] Инчунин боандеша, покдоман, машғули кори хона, некукор ва таҳти итоати шавҳарони худ бошанд, то ки каломи Худо беҳурмат нагардад.
[6] Ҷавонмардонро низ насиҳат намо, ки боандеша бошанд.
[7] Худат ҳам бо ҳама гуна амалҳои некат ба онҳо намуна шав. Бигзор таълимдиҳии ту ростқавл ва ҷиддӣ буданатро нишон диҳад.
[8] Гуфтори дурустро ба кор бар, то ки шахсони муқобил шарманда шуда, дар бораи мо сухани бад гуфта натавонанд.
[9] Ба ғуломон бигӯ, ки бояд ҳамеша ба хӯҷаинони худ итоат кунанд ва кӯшиш намоянд, ки аз ҳар ҷиҳат ба онҳо писанд оянд. Гапгардонӣ
[10] ё дуздӣ накунанд, баръакс худро шахсони боваринок ва нек нишон диҳанд. Рафтори хуби онҳоро дида, дигарон ба таълимот дар бораи Худо Наҷотдиҳандаи мо ҷалб мешаванд.
[11] Зеро файзу меҳрубонии Худо, ки ба ҳама одамон наҷот меорад, зоҳир шудааст.
[12] Ин файзу меҳрубонӣ ба мо таълим медиҳад, ки худонотарсӣ ва ҳавасҳои дунявиамонро тарк карда, дар ин дунё хирадмандонаву росткорона зиндагӣ кунем ва худотарс бошем.
[13] Дар айни ҳол интизори умеди рӯзи пуршукӯҳ, яъне бо тантана баргаштани Исои Масеҳ, ки Худои бузург ва Наҷотдиҳандаамон аст, бошем.
[14] Ӯ ҷонашро барои мо фидо карда, моро аз тамоми бадкориҳо озод намуд. Инчунин моро аз гуноҳҳоямон пок сохта, халқи Худ гардонд, то ки барои иҷрои корҳои нек боғайрат бошем.
[15] Титус, ту ин чизҳоро таълим дода, насиҳат намо, бо тамоми қудрат онҳоро ислоҳ кун ва нагузор, ки дигарон нисбат ба ту беҳурматӣ кунанд.