2 Тимотиюс 3
[1] Тимотиюс, ту бояд донӣ, ки дар охирзамон – пеш аз омадани Исои Масеҳ рӯзҳои сахт фаро мерасанд.
[2] Одамон худпарасту пулпараст, худписанд, ҳавобаланд, дағал мешаванд, ба падару модарашон беитоатӣ мекунанд ва кӯрнамаку худобехабар мегарданд.
[3] Онҳо дилсахтанду некиро бад мебинанд. Ҳамчунин бераҳм, туҳматчӣ, бадқавоқ, ноодам,
[4] хиёнаткор ва саркашу пурғурур мешаванд. Аз Худо дида кайфу сафоро бештар дӯст медоранд.
[5] Худотарс тобанд ҳам, дар асл ба Худо бовар намекунанд. Худро аз онҳо дур гир!
[6] Баъзеи онҳо бо роҳи фиреб ба хонаҳо даромада, занҳои бепушту паноҳро фирефта мекунанд. Чунин занҳо дар зери бори гуноҳ монда, ба ҳавасҳои гуногун гирифтор шудаанд ва
[7] ҳамеша чизи наве меомӯзанд, лекин ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро шинохта наметавонанд.
[8] Чи хеле ки дар замони қадим Янису Ямбрис бар зидди Мусо баромада буданд, ин муаллимон низ бар муқобили ростӣ мебароянд. Онҳо андешаҳои бадахлоқона доранд ва имонашон ҳақиқӣ нест.
[9] Лекин онҳо комёб намешаванд, зеро аблаҳиашон ба мисли аблаҳии Янису Ямбрис ба ҳама ошкор мешавад.
[10] Лекин ту – Тимотиюс, таълим, тарзи зиндагӣ, мақсад, имон, сабру тоқат, муҳаббат ва истодагарии маро медонӣ.
[11] Ту азобу таъқиботи маро медонӣ! Ту медонӣ, ки маро дар шаҳрҳои Антокия, Қуния ва Лустра чӣ гуна азоб доданд. Аммо Худованд маро аз ҳамаи азобҳо халос кард.
[12] Бале, ҳамаи онҳоеро, ки худотарсона ҳамроҳи Исои Масеҳ зиндагӣ кардан мехоҳанд, таъқиб карда, азоб медиҳанд.
[13] Вале одамони баду фиребгар боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ мекунанд ва худашонро низ дигарон гумроҳ месозанд.
[14] Вале ту ба таълимоти гирифта, бовар кардаат устувор бош. Ту медонӣ, ки онро аз кӣ ёд гирифтӣ ва
[15] ҳамчунин аз хурдӣ навиштаҷоти Худоро медонистӣ. Он ба ту хирад меомӯзад, ки наҷотро ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ба даст оварда метавонӣ.
[16] Тамоми навиштаҷот аз нафаси Худо баромадааст. Он барои таълимоту сарзаниш, ислоҳ ва барои омӯхтани кори дуруст фоиданок аст.
[17] Худо инро барои он истифода мебарад, ки халқи Ӯ барои ҳар кори нек пурра омода бошад.