Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва боз чашмони худро боло карда, дидам, ва инак, чор ароба аз миёни ду кӯҳ берун меравад, ва он кӯҳҳо кӯҳҳои мис аст.

[2] Дар аробаи якум — аспони ҷиранд; ва дар аробаи дуюм — аспони сиёҳмушкин;

[3] Ва дар аробаи сеюм — аспони сафед; ва дар аробаи чорум — аспони абраши қавӣ.

[4] Ва ба фариштае ки бо ман сухан меронд, савол дода, гуфтам: «Инҳо чист, эй оғоям?»

[5] Ва фаришта ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Инҳо чор боди осмон мебошанд, ки баъд аз истодан ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон берун мераванд.

[6] Он ки аспони сиёҳмушкин дорад, онҳо сӯи замини шимол берун мераванд, ва аспони сафед ба машриқзамин берун мераванд, ва аспони абраш сӯи замини ҷануб берун мераванд.

[7] Ва аспони қавӣ берун рафтаанд, ва саъю кӯшиш доранд гардиш кунанд, то ки заминро тай намоянд». Ва ӯ гуфт: «Биравед, заминро тай намоед». Ва онҳо рафта, заминро тай карданд.

[8] Ва ӯ маро фарьёд карда, гуфт: «Бубин, онҳое ки сӯи замини шимол берун рафтанд, хашми Маро дар замини шимол фурӯ нишониданд».

[9] Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

[10] «Аз миёни асироне ки аз Бобил омадаанд, Ҳелдай, Тубиё ва Едаъёро бигир, ва бо онҳо дар ҳамон рӯз ба хонаи Йӯшиё ибни Сафаньё биё,

[11] Ва нуқра ва тиллоро бигир ва тоҷҳо сохта, ба сари саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ бигузор,

[12] Ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак марде ки Навда ном дорад, ва аз решааш хоҳад рӯид, ва қасри Худовандро бино хоҳад кард.

[13] Ӯ қасри Худовандро бино хоҳад кард, ва соҳиби шавкат хоҳад шуд, ва бар тахти худ нишаста, салтанат хоҳад ронд; ва коҳин бар тахти худ хоҳад буд, ва машварати сулҳу осоиштагӣ дар миёни ҳар дуи онҳо хоҳад буд“.

[14] Ва он тоҷҳо барои Ҳелам ва Тубиё ва Едаъё ва Ҳен ибни Сафаньё аз баҳри ёдгорӣ дар қасри Худованд хоҳад буд.

[15] Ва онҳое ки дар ҷойҳои дур мебошанд, омада, дар қасри Худованд бино хоҳанд кард, ва хоҳед донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст; ва ин ба вуқӯъ хоҳад омад, агар ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш диҳед».

Китоби Закарьёи Набӣ — Chapters