Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар моҳи ҳаштум, дар соли дуюми Дорьёвеш, каломи Худованд бар Закарьёи набии ибни Баракьё, ибни Идду нозил шуда, гуфт:

[2] «Худованд бар падарони шумо бағоят хашмгин буд,

[3] Ва ту ба онҳо бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: сӯи Ман баргардед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

[4] Мисли падарони худ набошед, ки анбиёи пешина онҳоро хонда, гуфтанд: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз роҳҳои бади худ ва аз корҳои бади худ баргардед“, вале онҳо нашниданд ва ба Ман гӯш надоданд, мегӯяд Худованд.

[5] Падарони шумо — куҷоянд онҳо? Ва анбиё — магар онҳо ба таври абадӣ зиндагӣ мекунанд?

[6] Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».

[7] Дар рӯзи бисту чоруми моҳи ёздаҳум, ки моҳи шебот бошад, дар соли дуюми Дорьёвеш, каломи Худованд бар Закарьёи набии ибни Баракьё, ибни Идду нозил шуда, чунин гуфт:

[8] «Имшаб дидам, ва инак марде бар аспи ҷиранд савор буд, ва ӯ дар миёни дарахтони ос, ки дар водӣ буданд, меистод, ва дар ақиби ӯ аспони ҷиранд, тӯруқ ва сафед буданд.

[9] Ва ман гуфтам: „Инҳо чист, эй оғоям?“ Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: „Ман ба ту нишон медиҳам, ки инҳо чист“.

[10] Ва марде ки дар миёни дарахтони ос меистод, ҷавоб гардонда, гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки Худованд фиристодааст, то ки бар замин гаштугузор кунанд“.

[11] Ва онҳо ба фариштаи Худованд, ки дар миёни дарахтони ос меистод, ҷавоб гардонда, гуфтанд: „Мо бар замин гаштугузор кардем, ва инак, тамоми замин дар оромӣ сокин аст“.

[12] Ва фариштаи Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: „Эй Худованди лашкарҳо! То ба кай бар Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ки ҳафтод сол боз Ту ба онҳо хашм менамоӣ, марҳамат нахоҳӣ кард?“

[13] Ва Худованд ба фариштае ки бо ман сухан меронд, бо суханони хуб, бо суханони тасаллибахш ҷавоб гардонд.

[14] Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: „Нидо намуда, бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман дар бораи Ерусалим ва дар бораи Сион бо рашки бузурге рашк кардам.

[15] Ва бар халқҳои бепарво бағоят хашмгин ҳастам: вақте ки хашми Ман андак буд, онҳо бадиро афзун карданд.

[16] Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: ба Ерусалим бо марҳамат хоҳам баргашт; хонаи Ман дар он бино хоҳад ёфт, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ресмони андоза бар Ерусалим кашида хоҳад шуд.

[17] Боз нидо намуда, бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз шаҳрҳои Ман аз нозу неъмат лабрез хоҳад шуд, ва Худованд боз Сионро тасаллӣ хоҳад дод, ва боз Ерусалимро хоҳад баргузид“».

[18] Ва ман чашмони худро боло карда, дидам, ва инак чор шох буд.

[19] Ва ба фариштае ки бо ман сухан меронд, гуфтам: «Инҳо чист?» Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо шохҳоест, ки Яҳудо ва Исроил ва Ерусалимро пароканда кардааст».

[20] Ва Худованд чор оҳангарро ба ман нишон дод.

[21] Ва ман гуфтам: «Инҳо барои чӣ гуна коре омадаанд?» Ва ӯ ба ҷавоб гуфт: «Ин шохҳо Яҳудоро чунон пароканда кардааст, ки касе сари худро наметавонад бардорад; вале инҳо омадаанд, то ки бар онҳо даҳшат оваранд, шохҳои халқҳоеро шикаста партоянд, ки бар замини Яҳудо шох бардоштаанд, то ки онро пароканда намоянд».

Китоби Закарьёи Набӣ — Chapters