Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, баргашт, ва маро бедор кард, мисли касе ки аз хобаш бедор мешавад.

[2] Ва ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Мебинам, инак чароғдоне ки сар то сараш аз тиллост, ва равғандонаш бар сараш, ва ҳафт чароғаш бар он аст, ва ҳар чароғ, ки бар сараш мебошад, ҳафт нойча дорад.

[3] Ва ду дарахти зайтун назди он аст, — яке аз тарафи рости равғандон ва дигаре аз тарафи чапаш».

[4] Ва ман ба фариштае ки бо ман сухан меронд, ҷавоб гардонда, гуфтам: «Инҳо чист, эй оғоям?»

[5] Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям».

[6] Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

[7] Ту чистӣ, эй кӯҳи бузург? Ба ҳузури Зарубобил ту ҳамворие ҳастӣ, ва ӯ санги сари онро берун хоҳад овард, дар сурате ки нидоҳои хурсандӣ шунида хоҳад шуд: „Шукӯҳу шавкат бар он бод!“»

[8] Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

[9] «Дастҳои Зарубобил буньёди ин хонаро ниҳодааст, ва дастҳои ӯ онро анҷом хоҳад дод, ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст.

[10] Зеро касе ки он рӯзи корҳои майдаро писанд накарда буд, алҳол шоқулро дар дасти Зарубобил дида, шод хоҳад шуд; ин ҳафт — чашмони Худованд ҳастанд, ки тамоми заминро бо нигоҳи худ фаро мегиранд».

[11] Ва ман савол дода, ба ӯ гуфтам: «Ин ду дарахти зайтун, ки ба тарафи рости чароғдон ва ба тарафи чапи он мебошад, чист?»

[12] Ва бори дуюм савол дода, ба ӯ гуфтам: «Он ду шохаи зайтун, ки назди ду нойчаи тилло моеи тиллоранге аз даруни худ мерезад, чист?»

[13] Ва ӯ ба ман гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям».

[14] Ва ӯ гуфт: «Ин ду — таъминкунандагони равғани зайтун ҳастанд, ки ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон истодаанд».

Китоби Закарьёи Набӣ — Chapters