Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва чун Санбалат ва Тубиё ва Ҷашами арабӣ ва дигар душманони мо шуниданд, ки ман ҳисорро бино кардаам, ва ҳеҷ рахнае дар он боқӣ намондааст, — агарчи то он вақт ҳам ман дарҳои дарвозаҳоро ҳанӯз нашинонда будам, —

[2] Санбалат ва Ҷашам назди ман фиристода, гуфтанд: «Биё, то дар Кафирим, ки дар водии Уну мебошад, якҷоя вохӯрем». Ва онҳо қасд доштанд ба ман бадӣ кунанд.

[3] Вале ман қосидон назди онҳо фиристода, гуфтам: «Ман ба кори бузурге машғул ҳастам ва наметавонам фурӯд оям. Чаро кор, вақте ки онро хобонда назди шумо фурӯд оям, ба таъхир афтад?»

[4] Ва онҳо чор дафъа бо чунин суханон назди ман фиристоданд, ва ман ба онҳо чунин ҷавоб гардондам.

[5] Ва Санбалат дафъаи панҷум навкари худро ба ин тарз назди ман фиристод, ва номаи кушодае дар дасташ буд.

[6] Дар он навишта шуда буд: «Дар миёни халқҳо овоза шудааст, ва Ҷашам мегӯяд: „Ту ва яҳудиён қасди исьён доред, бинобар ин ту ҳисорро бино мекунӣ, ва ту мехоҳӣ подшоҳи онҳо бишавӣ . . .“ — чунин суханон.

[7] Ва низ анбиёро таъин кардаӣ, то дар бораи ту дар Ерусалим эълон намуда, бигӯянд: „Подшоҳи Яҳудия!“ Ва алҳол, ин хабар ба гӯши подшоҳ хоҳад расид . . . — чунин суханон. — Ва алҳол, биё, то якҷоя машварат намоем».

[8] Валекин ман назди ӯ фиристода, гуфтам: «Ҷунин суханон, ки ту мегӯӣ, ба вуқӯъ наомадааст, балки ту онҳоро аз майнаи худ бофта баровардаӣ».

[9] Зеро ки ҳамаи онҳо моро тарсонда, дар дили худ мегӯянд: «Дасту дили онҳо аз кор хунук шуда, он ба ҷо оварда намешавад». Ва алҳол, дастҳоямро барои кор қавӣ гардон!

[10] Ва ман ба хонаи Шамаъё ибни Далоё ибни Маҳитабъил омадам, ва ӯ дарро бар худ баста буд, ва гуфт: «Ба хонаи Худо андаруни маъбад ворид шавем, ва дарҳои маъбадро бибандем, зеро ки барои куштани ту хоҳанд омад».

[11] Вале ман гуфтам: «Оё шахсе мисли ман метавонад бигрезад? Ва кист мисли ман, ки вориди маъбад шавад ва зинда монад? Ман нахоҳам рафт!»

[12] Ва ман фаҳмидам, ки Худо ӯро нафиристодааст, ва он чи ӯ дар бораи ман гуфт, бар ҳасби нубувват нест, балки Тубиё ва Санбалат ӯро киро кардаанд.

[13] Ӯ барои он киро карда шудааст, ки ман ба ҳарос афтам, ва ин тавр амал намоям, ва гуноҳ кунам, ва барои онҳо бадном шавам, то маро беобрӯ созанд.

[14] Эй Худои ман, Тубиё ва Санбалатро мувофиқи ин аъмолашон, ва ҳамчунин Нуадьёи набия ва дигар анбиёро, ки маро метарсонданд, ба ёд овар!

[15] Ва ҳисор дар рӯзи бисту панҷуми моҳи элул, дар зарфи панҷоҳу ду рӯз ба анҷом расид.

[16] Ва чун ҳамаи душманони мо инро шуниданд, ва ҳамаи халқҳои гирду атрофи мо инро диданд, — дар назари худ бағоят залил гардиданд, ва донистанд, ки ин кор аз ҷониби Худои мо ба ҷо оварда шудааст.

[17] Дар ҳамон айём калоншавандагони Яхудо мактубҳои зиёде навишта ба Тубиё равона мекарданд, ва мактубҳои Тубиё ба онҳо мерасид,

[18] Зеро ки бисьёре аз аҳли Яҳудо иттифоқчиёни ӯ буданд, чунки ӯ домоди Шаканьё ибни Ораҳ буд, ва писараш Еҳӯҳонон духтари Машуллом ибни Баракьёро ба занӣ гирифта буд.

[19] Низ ба ҳузури ман аз аъмоли неки ӯ сухан меронданд, ва суханони маро ба ӯ хабар мебурданд. Тубиё мактубҳо мефиристод, то ки маро битарсонад.

Китоби Наҳемьё — Chapters