[1] Ва сарварони қавм дар Ерусалим сокин буданд; ва бақияи қавм қуръа партофтанд, то ки аз даҳ як қисмро барои сукунат ба шаҳри муқаддаси Ерусалим биёранд, ва нӯҳ қисми боқӣ дар шаҳрҳои дигар сокин шаванд.
[2] Ва қавм ҳамаи касонеро, ки бо ихтиёри худ ба маскан гирифтан дар Ерусалим розӣ шуданд, муборак хонданд.
[3] Ва инҳоянд сардорони мамлакат, ки дар Ерусалим сокин шуданд, — дар сурате ки дар шаҳрҳои Яҳудо ҳар яке дар мулки худ, дар шаҳрҳои худ: исроилиён, коҳинон ва левизодагон ва тобеон ва зодагони ғуломони Сулаймон сокин буданд; —
[4] Ва дар Ерусалим аз зодагони Яҳудо ва аз зодагони Биньёмин сокин шуданд. Аз зодагони Яҳудо: Аноё ибни Узиё, ибни Закарьё, ибни Амарьё, ибни Шафатьё, ибни Маҳалалъил, аз зодагони Форас.
[5] Ва Маасиё ибни Борук, ибни Колҳуза, ибни Ҳазоё, ибни Адоё, ибни Юёриб, ибни Закарьё, ибни Шилӯнӣ.
[6] Ҳамаи зодагони Форас, ки дар Ерусалим сукунат доштанд, чорсаду шасту ҳашт нафар мардони ҷангӣ буданд.
[7] Ва инҳоянд зодагони Биньёмин: Саллу ибни Машуллом, ибни Юид, ибни Фадоё, ибни Кулоё, ибни Маасиё, ибни Итиил, ибни Ишаъё,
[8] Ва баъд аз вай Ҷаббай ва Саллой — нӯҳсаду бисту ҳашт нафар.
[9] Ва Юил ибни Зикрӣ сардори онҳо буд, ва Яҳудо ибни Сануоҳ муовини раиси шаҳр буд.
[10] Аз коҳинон: Едаъё ибни Юёриб ва Ёкин,
[11] Сароё ибни Ҳилқиё, ибни Машуллом, ибни Содӯқ, ибни Мароют, ибни Аҳитуб, ки мудири хонаи Худо буд,
[12] Ва бародарони онҳо, ки хизмати хонаро ба ҷо меоварданд, — ҳаштсаду бисту ду нафар; ва Адоё ибни Еруҳом, ибни Фалальё, ибни Амсӣ, ибни Закарьё, ибни Фашхур, ибни Малкиё,
[13] Ва бародарони ӯ, ки сардорони хонаводаҳо буданд, — дусаду чилу ду нафар; ва Амашсай ибни Азаръил, ибни Аҳзай, ибни Машиллимут, ибни Иммир,
[14] Ва бародарони онҳо, ки мардони ҷангӣ буданд, саду бисту ҳашт нафар; ва Забдиил ибни Бузургзодагон сардори онҳо буд.
[15] Ва аз левизодагон: Шамаъё ибни Ҳашшуб, ибни Азриқом, ибни Ҳашабьё, ибни Буннӣ,
[16] Ва Шабтай ва Юзобод аз сардорони левизодагон — бар корҳои беруни хонаи Худо,
[17] Ва Маттаньё ибни Мико, ибни Забдӣ, ибни Ософ — сардори маросими ҳамду сано ва дуо; ва Бақбуқьё, ки сардори дуюм аз бародарони ӯ буд; ва Абдо ибни Шаммуа ибни Ҷолол, ибни Едутун.
[18] Ҷамъи левизодагон дар шаҳри муқаддас — дусаду ҳаштоду чор нафар.
[19] Ва дарбонон: Аққуб, Талмун ва бародарони онҳо, ки ба дарвозаҳо нигаҳбонӣ мекарданд, — саду ҳафтоду ду нафар.
[20] Ва бақияи исроилиён, коҳинон ва левизодагон — дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ҳар яке дар мулки худ.
[21] Ва тобеон дар Ӯфал сокин шуданд, ва Сиҳо ва Ҷишфо ба тобеон сардорӣ мекарданд.
[22] Ва сардори левизодагон дар Ерусалим Уззӣ ибни Бонӣ, ибни Ҳашабьё, ибни Маттаньё, ибни Мико, аз зодагони Ософ буд, ки ин муғанниён дар баробари корҳои хонаи Худо тарона месуруданд,
[23] Зеро ки хукми подшоҳ дар бораи онҳо буд, ва барои муғанниён ротибаи ҳаррӯза муқаррар карда шуда буд.
[24] Ва Фатаҳьё ибни Машизабъил, аз зодагони Зораҳ ибни Яҳудо, ба хузури подшоҳ муваккали ҳар кори оид ба қавм буд.
[25] Ва баъзе аз зодагони Яхудо дар қасабаҳо, дар худуди саҳроҳои худ сокин шуданд, чунончи: дар Қирьят‐Арбаъ ва деҳоташ, дар Дибӯн ва деҳоташ, дар Еқабсиил ва қасабаҳояш,
[26] Дар Ешуа, Мулодо ва Байт‐Фолат,
[27] Дар Ҳасар‐Шуол, Беэр‐Шобаъ ва деҳоташ,
[28] Дар Сиқлоҷ, Макуна ва деҳоташ,
[29] Дар Айн‐Риммӯн, Соръоҳ, Ярмут,
[30] Зонуҳа, Адуллом ва қасабаҳои онҳо, дар Локиш ва саҳроҳои он, дар Азиқо ва деҳоташ; ва аз Беэр‐Шобаъ то водии Ҳиннум дар бошишгоҳҳо ҷойгир шуданд.
[31] Ва зодагони Биньёмин: аз Ҷобаъ сар карда, то Микмос, Айё, Байт‐Ил ва деҳоташ,
[32] Анотӯт, Нуб, Ананьё,
[33] Ҳосӯр, Ромо, Ҷиттоим,
[34] Ҳодид, Сабӯим, Набаллот,
[35] Луд, Уну ва Дараи косибон.
[36] Ва баъзе аз левизодагон аз мулки Яхудо ба мулки Биньёмин гузашта, сокин шуданд.