[1] Ва Эльёшиби саркоҳин ва бародаронаш коҳинон бархоста, дарвозаи Гӯсфандро бино карданд; онҳо онро тақдис карда, дарҳояшро шинонданд, ва онро то бурҷи Меоҳ ва то бурҷи Ҳананъил тақдис карданд.
[2] Ва дар паҳлуи ӯ мардуми Ериҳӯ бино карданд, ва дар паҳлуи онҳо Закку ибни Имрӣ бино кард.
[3] Ва дарвозаи Моҳиро зодагони Ҳаснооҳ бино карданд; онҳо сақфи онро тахтапӯш намуда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонданд.
[4] Ва дар паҳлуи онҳо Маримут ибни Уриё ибни Ҳаққӯс таъмир намуд; ва дар паҳлуи онҳо Машуллом ибни Баракьё ибни Машизабъил таъмир намуд; ва дар паҳлуи онҳо Содӯқ ибни Баано таъмир намуд.
[5] Ва дар паҳлуи онҳо тақӯиён таъмир карданд, вале акобирашон гардани онҳоро ба хизмати оғоёнашон наниҳоданд.
[6] Ва дарвозаи Кӯҳнаро Юёдоқ ибни Фосеҳо ва Машуллом ибни Басудьё таъмир карданд; онҳо сақфи онро тахтапӯш намуда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонданд.
[7] Ва дар паҳлуи онҳо Малатьёи ҷибъӯнӣ ва Ёдуни мирӯнӯтӣ бо мардуми Ҷибъӯн ва Мисфо то ҳудуди нишастангоҳи волии Мовароуннаҳр таъмир карданд.
[8] Ва дар паҳлуи онҳо Узиил ибни Ҳарҳаё, ки аз заргарон буд, таъмир намуд; ва дар паҳлуи ӯ Ҳананьё, ки аз атторон буд, таъмир намуд; ва онҳо Ерусалимро то ҳисори фарохи он мустаҳкам карданд.
[9] Ва дар паҳлуи онҳо Рафоё ибни Ҳур, ки сарвари нисфи ноҳияи Ерусалим буд, таъмир намуд.
[10] Ва дар паҳлуи онҳо Ядоё ибни Ҳарумаф дар рӯ ба рӯи хонаи худ таъмир намуд; ва дар паҳлуи ӯ Ҳаттуш ибни Ҳашабнаё таъмир намуд.
[11] Қисми дигари ин ҷоро Малкиё ибни Ҳорим ва Ҳашшуб ибни ҳокими Мӯоб таъмир карданд, ки онҳо таъмири бурҷи Танӯрро низ ба зиммаи худ гирифта буданд.
[12] Ва дар паҳлуи онҳо Шаллум ибни Ҳаллуҳиш, ки сарвари нисфи ноҳияи Ерусалим буд, таъмир намуд; худаш ва духтаронаш.
[13] Дарвозаи Водиро Ҳонун ва сокинони Зонуҳа таъмир карданд; онҳо онро бино намуда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонданд; ва ҳазор зирои ҳисорро низ то дарвозаи Хокрӯба.
[14] Ва дарвозаи Хокрӯбаро Малкиё ибни Рикоб, ки сарвари ноҳияи Байт‐Корим буд, таъмир намуд; ӯ онро бино карда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонд.
[15] Ва дарвозаи Чашмаро Шаллун ибни Колҳуза, ки сарвари ноҳияи Мисфо буд, таъмир намуд; ӯ онро бино карда ва боме бар он сохта, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонд, ва ҳисори ҳавзи Шелаҳро назди боғи подшоҳ низ то зинапояе ки аз шаҳри Довуд фуруд меояд.
[16] Аз паси ӯ Наҳемьё ибни Азбуқ, ки сарвари нисфи ноҳияи Байт‐Сур буд, то рӯ ба рӯи қабрҳои Довуд, ва то ҳавзи сунъӣ, ва то Хонаи паҳлавонон таъмир намуд.
[17] Аз паси ӯ левизодагон таъмир карданд: Раҳум ибни Бонӣ; дар паҳлуи ӯ Ҳашабьё, ки сарвари нисфи ноҳияи Қаило буд, барои ноҳияи худ таъмир намуд.
[18] Аз паси ӯ бародарони онҳо таъмир карданд: Баввай ибни Ҳенодод, ки сарвари нисфи ноҳияи Қаило буд.
[19] Ва дар паҳлуи ӯ Эзер ибни Ешуа, ки сарвари Мисфо буд, қисми дигарро дар рӯ ба рӯи зинапояи қӯрхона назди гӯшаи ҳисор таъмир намуд.
[20] Аз паси ӯ Борук ибни Заббай ғайратмандона қисми дигарро аз гӯшаи ҳисор то дари хонаи Эльёшиби саркоҳин таъмир намуд.
[21] Аз паси ӯ Маримут ибни Уриё ибни Ҳаққӯс қисми дигарро аз дари хонаи Эльёшиб то охири ҳонаи Эльёшиб таъмир намуд.
[22] Ва аз паси ӯ коҳинон, ки аз аҳли даштрӯя буданд, таъмир карданд.
[23] Аз паси онҳо Биньёмин ва Ҳашшуб дар рӯ ба рӯи хонаи худ таъмир карданд; аз паси онҳо Азарьё ибни Маасиё, ибни Ананьё, дар наздикии хонаи худ таъмир намуд.
[24] Аз паси ӯ Биннуй ибни Ҳенодод қисми дигарро аз хонаи Азарьё то гӯшаи ҳисор ва то бурҷи он гӯша таъмир намуд.
[25] Фолол ибни Узай — аз рӯ ба рӯи гӯша ва бурҷе ки аз хонаи болоии подшоҳ берун мебаромад ва ба саҳни посгоҳ тааллуқ дошт; аз паси ӯ — Фадоё ибни Фаръуш.
[26] Ва тобеоне ки дар Ӯфал сокин буданд, — то рӯ ба рӯи дарвозаи Об, ба сӯи шарқ ва бурҷи берунӣ.
[27] Аз паси онҳо тақӯиён қисми дигарро аз рӯ ба рӯи бурҷи калони берунӣ то ҳисори бурҷи Ӯфал таъмир карданд.
[28] Аз болотари дарвозаи Аспон коҳинон, ҳар яке дар рӯ ба рӯи хонаи худ, таъмир карданд.
[29] Аз паси онҳо Содӯқ ибни Иммир дар рӯ ба рӯи хонаи худ таъмир намуд; ва аз паси ӯ Шамаъё ибни Шаканьё, ки посбони дарвозаи шарқӣ буд, таъмир намуд.
[30] Аз паси ӯ Ҳананьё ибни Шаламьё ва Ҳонун ибни Солоф, ки писари шашум буд, қисми дигарро таъмир карданд; аз паси онҳо Машуллом ибни Баракьё дар рӯ ба рӯи маскани худ таъмир намуд.
[31] Аз паси ӯ Малкиё, ки аз аҳли заргарон буд, то хонаҳои тобеон ва тоҷирон, дар рӯ ба рӯи дарвозаи Мифқод, ва то зинапояи бурҷ таъмир намуд.
[32] Ва дар мобайни зинапояи бурҷ ва дарвозаи Гӯсфанд заргарон ва тоҷирон таъмир карданд.