[1] Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар; назар андоз ва нанги моро бубин.
[2] Мероси мо аз они аҷнабиён, хонаҳои мо аз они бегонагон шудааст.
[3] Ятим шудаем ва падар надорем; модарони мо мисли бевазанон шудаанд.
[4] Оби худро ба нуқра харида менӯшем, ҳезуми мо дар бадали пул ба даст медарояд.
[5] Моро бунигарданӣ зада пеш мекунанд, хаста мешавем, — фароғат кардан намемонанд.
[6] Ба Миср ва Ашшур даст кафча кардем, то ки аз нон сер шавем.
[7] Падарони мо гуноҳ кардаанд; онҳо аз дуньё чашм пӯшидаанд, валекин мо аз барои маъсияташон гирифтори ҷазо шудаем.
[8] Ғуломон бар мо ҳукмфармо шудаанд; касе нест, ки моро аз дасташон халосӣ диҳад.
[9] Ҷони худро ба каф гирифта, ба зери хавфи шамшери аҳли биёбон нони худро пайдо мекунем.
[10] Пӯсти мо аз тафси гуруснагӣ мисли танӯр сӯхтааст.
[11] Занонро дар Сион беисмат мекунанд, дӯшизагонро — дар шаҳрҳои Яҳудо.
[12] Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.
[13] Ҷавонон сангҳои осиёро мебардоранд, ва наврасон зери бори ҳезум беҳуш шуда меғалтанд.
[14] Пирон дигар назди дарвоза наменишинанд; ҷавонон сурудгӯӣ намекунанд.
[15] Дилхушии мо хотима ёфтааст; рақси мо ба мотам мубаддал шудааст.
[16] Тоҷи сари мо фурӯ ғалтидааст; вой бар ҳоли мо, ки гуноҳ кардаем!
[17] Барои ин доим дили мо дард мекунад, барои инҳо чашмони мо хира шудааст:
[18] Барои кӯҳи Сион, ки хароб шудааст, ва шағолон бар он гаштугузор мекунанд.
[19] Лекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ, ва тахти Ту то абадуддаҳр аст.
[20] Чаро моро ба сурати абадӣ фаромӯш кардаӣ, ба муддати дуру дароз тарк намудаӣ?
[21] Худовандо! Моро сӯи Худ баргардон, ва мо хоҳем баргашт; рӯзҳои моро мисли пештара таҷдид намо.
[22] Наход ки моро тамоман рад карда, бениҳоят бар мо хашмгин шуда бошӣ?