[1] Чӣ гуна тилло хира шудааст, зари холис тағьир ёфтааст, сангҳои гаронбаҳо дар сари ҳар кӯча партофта шудааст!
[2] Чӣ гуна фарзандони азизи Сион, ки ба зари холис баробар буданд, мисли кӯзаи сафолине ки амали дасти кулол аст, ҳисоб шудаанд!
[3] Шағолон низ пистон берун оварда, бачаҳои худро мемаконанд, лекин духтари қавми ман, мисли шутурмурғҳо дар биёбон, бераҳм шудааст.
[4] Забони бачаи ширмак аз ташнагӣ ба комаш часпидааст; кӯдакон нон мепурсанд, — касе ба онҳо намедиҳад.
[5] Онҳое ки нуқлу наво мехӯрданд, дар кӯчаҳо бемаҷол шудаанд; онҳое ки бар бистари абрешимин парвариш меёфтанд, ахлоттӯдаҳоро ба оғӯш мекашанд.
[6] Ва маъсияти духтари қавми ман аз гуноҳи Садӯм бузургтар аст, ки он дар як мижа задан вожгун шуд, бе он ки касе дастҳояшро ба он расонда бошад.
[7] Сарварони вай аз барф тозатар ва аз шир сафедтар буданд; баданашон аз марҷон сурхтар, қаду қоматашон мисли ёқути кабуд буд;
[8] Ва акнун чеҳраашон аз ангишт сиёҳтар шудааст, ба тавре ки дар кӯчаҳо онҳоро намешиносанд; пӯсташон ба устухонашон часпида, мисли чӯб хушк шудааст.
[9] Куштаҳои шамшер назар ба куштаҳои гуруснагӣ хушбахттар буданд, чунки аз теғ хуншор шуда, зуд мурдаанд, назар ба онҳое ки аз камии маҳсулоти киштзор бо азоби бисьёр ҷон додаанд.
[10] Дастҳои занони раҳмдил бачаҳои худро пухтаанд, то ки дар вақти шикасти духтари қавми ман барояшон хӯрок шавад.
[11] Худованд хашми Худро ба анҷом расондааст, шиддати ғазаби Худро фурӯ рехтааст ва оташе дар Сион афрӯхтааст, ки он асосҳои варо хӯрдааст.
[12] Подшоҳони замин ва ҳамаи сокинони дуньё бовар намекарданд, ки аду ва душман ба дарвозаҳои Ерусалим дохил хоҳад шуд,
[13] Аз боиси хатоҳои анбиёи он ва гуноҳҳои коҳинони он, ки хуни одилонро андаруни он мерехтанд;
[14] Мисли кӯрон дар кӯчаҳо мегаштанд, дар ҳолате ки ба хун олуда буданд, ба тавре ки ба либосҳои онҳо касе наметавонист бирасад.
[15] «Дур шавед! Палид аст!» — дод мегуфтанд дар ҳаққи онҳо, — «Дур шавед, дур шавед, нарасед!» Ва онҳо чунин сарсон ва овора шуда мегаштанд, ва дар миёни халқҳо дар бораи онҳо мегуфтанд: «Дигар дар ин ҷо сокин нахоҳанд шуд».
[16] Хашми Худованд онҳоро пароканда хоҳад кард, дигар ба онҳо назари нек нахоҳад кард: дар он ҷо коҳинонро рӯихотир намекунанд ва ба пирон раҳм надоранд.
[17] Чашмони мо ҳанӯз ба мадад беҳуда чор мешуд: дар чашмдошти худ ба халқе умедвор будем, ки вай наметавонист моро наҷот диҳад.
[18] Қадамҳои моро камин мекарданд, ба дараҷае ки мо дар кӯчаҳои худ наметавонистем роҳ равем; охири мо наздик мешуд, рӯзҳои мо анҷом меёфт; ҳақиқатан охири мо фаро расида буд.
[19] Таъқибкунандагони мо аз уқобҳои осмон тезравтар буданд: бар кӯҳҳо моро таъқиб мекарданд, дар биёбон барои мо камин месохтанд.
[20] Масеҳи Худованд, ки рӯҳи ҳаёти мо буд, дар чоҳи онҳо афтод, ки дар бораи ӯ мегуфтем: «Ба зери сояи ӯ дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».
[21] Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм, ки дар замини Ус сокин ҳастӣ! Ин коса ба ту низ хоҳад расид: маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.
[22] Эй духтари Сион! Маъсияти ту акнун тамом шудааст: Ӯ туро дигар ҷалои ватан нахоҳад кард. Аммо маъсияти туро, эй духтари Адӯм, Ӯ ба ҷазо мустаҳиқ намуда, гуноҳҳоятро ошкор хоҳад кард.