Skip to content
Opens in a new window

[1] Ман одаме ҳастам, ки аз асои ғазаби Ӯ мазаллат дидаам.

[2] Ӯ маро бурда, ба торикӣ даровардааст, ва на ба рӯшноӣ;

[3] Фақат ба зидди ман тамоми рӯз гашта — баргашта дасти Худро нигаронидааст;

[4] Гӯшт ва пӯсти маро реш‐реш карда, устухонҳои маро шикастааст;

[5] Бар ман иморат сохта, маро бо заҳр ва мусибат иҳота намудааст;

[6] Маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд;

[7] Гирдогирди ман тавора кашидааст, то ки натавонам берун равам; ишкели маро вазнин кардааст;

[8] Агарчи фарьёд ва истиғоса менамоям, дуои маро пешгирӣ кардааст;

[9] Роҳҳои маро бо харсангҳо бандубаст намудааст, пайроҳаҳои маро каҷ кардааст.

[10] Ӯ барои ман хирси каминвар аст, шерест, ки дар ҷои ниҳонӣ бошад;

[11] Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст, маро маъюс намудааст;

[12] Камони Худро зеҳ карда, маро ҳадафе барои тир қарор додааст;

[13] Тирҳои таркаши Худро ба гурдаҳои ман фурӯ фиристодааст.

[14] Барои тамоми қавми худ хандахариш шудаам, калимаи тамасхури ҳаррӯзаи онҳо гардидаам.

[15] Ӯ маро аз талхиҳо сер кардааст, маро аз явшон сероб намудааст;

[16] Дандонҳоямро бо сангреза шикастааст, маро бо хокистар пӯшонидааст.

[17] Ва ҷонам аз осоиштагӣ дур шудааст: некрӯзиро фаромӯш кардаам.

[18] Ва гуфтам, ки қувватам ва умеде ки аз Худованд доштам, барбод рафтааст.

[19] Мазаллат ва дилшикастагии маро, явшон ва заҳрро ба ёд овар.

[20] Нағз ба ёд меоварам, ва ҷонам андаруни ман маъюс шудааст.

[21] Ба дили худ чунин ҷавоб хоҳам гардонд ва бинобар ин умедвор хоҳам буд:

[22] Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;

[23] Онҳо ҳар субҳ аз нав зоҳир мешавад: вафои Ту бузург аст.

[24] «Худованд насибаи ман аст, — мегӯяд ҷони ман, — бинобар ин ба Ӯ умедвор хоҳам буд».

[25] Худованд барои умедворони худ, барои ҳар ҷоне ки толиби Ӯст, нек аст:

[26] Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.

[27] Барои одамизод хуб аст, ки юғро дар ҷавонии худ бардошта бошад:

[28] Вай танҳо нишаста, сукут хоҳад кард, зеро ки Худованд юғро бар вай ниҳодааст;

[29] Даҳони худро бар хок хоҳад ниҳод: эҳтимол дорад, ки умеде бошад;

[30] Ба касе ки варо мезанад, рухсори худро хоҳад дошт ва аз нанг сер хоҳад шуд.

[31] Зеро ки Худованд ба сурати абадӣ тарк нахоҳад кард,

[32] Балки, агар ғамгин кунад, аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ марҳамат хоҳад намуд,

[33] Зеро ки Ӯ банӣ‐одамро на ба дилхоҳи Худ ҷазо дода ғамгин мекунад.

[34] Вақте ки ҳамаи бандиёни заминро бо пойҳои худ пахш мекунанд,

[35] Вақте ки одамро ба ҳузури Ҳаққи Таоло ноҳақ доварӣ менамоянд,

[36] Вақте ки дар муҳокимаи даъвои одам каҷкорӣ мекунанд, — магар инро Худованд намебинад?

[37] Кист, ки чизе гуфта бошаду он чиз иҷро шуда бошад, бе он ки Худованд амр фармояд?

[38] Оё бадиҳо ва некиҳо аз амри Ҳаққи Таоло ба вуқӯъ намеояд?

[39] Одами зинда чӣ ҳақ дорад гила кунад, вақте ки аз гуноҳҳои худаш ҷазо бинад?

[40] Пас, роҳҳои худро бояд тафтиш ва таҳқиқ кунем ва сӯи Худованд баргардем,

[41] Дилҳои худро сӯи Худое ки дар осмон аст, бо дастҳо боло кунем:

[42] «Мо гуноҳ кардаем ва саркашӣ намудаем, Ту наомурзидаӣ;

[43] Худро бо ғазаб пӯшонида, моро таъқиб намудаӣ, куштаӣ, раҳме накардаӣ;

[44] Худро бо абр пӯшонидаӣ, то ки дуо нагзарад;

[45] Моро дар миёни қавмҳо хокрӯба ва ахлот гардондаӣ.

[46] Ҳамаи душманони мо даҳони худро бар мо кушодаанд.

[47] Даҳшат ва дом, харобӣ ва шикаст насиби мо шудааст.

[48] Аз шикасти духтари қавми ман аз чашмам ҷӯйбори об мерезад.

[49] Чашмам ашкбор аст ва бас намекунад, бе он ки танаффусе намояд,

[50] То даме ки Худованд аз осмон назар андозад ва бубинад.

[51] Чашмам аз барои ҳамаи духтарони шаҳри ман ҷони маро ба дард меоварад.

[52] Онҳое ки ноҳақ ба ман душманӣ доранд, маро мисли мурғе сайд карданӣ шуданд;

[53] Ҳаётамро дар чоҳ нобуд карда, маро сангборон намуданд.

[54] Об аз сарам гузашт; гуфтам: „Корам тамом шуд“.

[55] Аз даруни чоҳи чуқур исми Туро, эй Худованд, хондам.

[56] Овози маро шунидӣ: „Пас, гӯши Худро аз фарьёд ва истиғосаи ман напӯшон“.

[57] Дар рӯзе ки Туро хондам, наздик шуда гуфтӣ: „Натарс!“

[58] Даъвоҳои ҷони маро Ту, эй Худованд, ҳимоят кардӣ, ҳаёти маро раҳонидӣ.

[59] Ноинсофиеро, ки дар ҳаққи ман содир мешавад, Ту, эй Худованд, мебинӣ; пас, доди маро бидеҳ!

[60] Тамоми интиқомҷӯии онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман мебинӣ;

[61] Таҳқири онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман Ту, эй Худованд, мешунавӣ,

[62] Низ суханони мухолифонам ва андешаҳоеро, ки онҳо ҳар рӯз ба муқобили ман доранд.

[63] Шинухези онҳоро бубин, ки ман ашӯлаи онҳо гардидаам.

[64] Сазояшонро, эй Худованд, мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо баргардон;

[65] Ба онҳо маҳзунии дил бидеҳ; нафрини Ту бар онҳо бод.

[66] Бо ғазаби Худ, эй Худованд, онҳоро таъқиб намо ва аз зери осмон маҳв кун».

Китоби Навҳаҳои Ирмиё — Chapters