[1] Ва каломи Худованд бори дуюм ба гӯши Юнус расид, ки мегуфт:
[2] «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва он чиро, ки Ман ба ту фармудам, дар он мавъиза намо».
[3] Ва Юнус бархоста, бар тибқи каломи Худованд ба Нинве рафт; ва Нинве шаҳри бузурги Худо буд, ки дар се рӯз давр мезаданд.
[4] Ва Юнус ба даврзании шаҳр сар карда, як рӯз гашт, ва мавъиза намуда, мегуфт: «Баъд аз чил рӯз Нинве хароб хоҳад шуд!»
[5] Ва мардуми Нинве ба Худо имон оварданд, ва рӯза эълон карданд, ва аз калонашон то хурдашон палос пӯшиданд.
[6] Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст,
[7] Ва амр фармуд, ки дар Нинве аз номи подшоҳ ва акобири вай ҷор зада, гӯянд, ки «одамон ва ҳайвонот, говон ва гӯсфандон чизе нахӯранд, ба чарогоҳ нараванд ва об нанӯшанд;
[8] Ва одамон ва ҳайвонот палоспӯш шаванд, ва бошиддат сӯи Худо бихонанд, ва ҳар кас аз роҳи бади худ ва аз зулми дастҳои худ тавба кунад;
[9] Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».
[10] Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд.