[1] Ва каломи Худованд ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт:
[2] «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст».
[3] Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Худованд ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Худованд ба Таршиш биравад.
[4] Вале Худованд боди тунде бар баҳр бархезонд, ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал омад, ва киштӣ ба шикастан наздик буд.
[5] Ва маллоҳон ба ҳарос афтода, ҳар яке ба худои худ истиғоса менамуданд, ва асбобу анҷомеро, ки дар киштӣ буд, дар баҳр мепартофтанд, то ки бори худро сабук кунанд; аммо Юнус ба таҳхонаи сафина фуромада, дароз кашид, ва хоби сахташ бурд.
[6] Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».
[7] Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, қуръа партоем, то бидонем, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст». Ва қуръа партофтанд, ва қуръа ба номи Юнус афтод.
[8] Он гоҳ ба ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯ, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст? Касбу кори ту чист, ва аз куҷо меоӣ? Диёри ту куҷост, ва аз кадом қавм ҳастӣ?»
[9] Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ман ибрӣ ҳастам, ва аз Худованд Худои осмон, ки баҳр ва хушкиро офаридааст, метарсам».
[10] Ва он одамон сахт ҳаросон шуда, ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зеро он одамон донистанд, ки ӯ аз пеши Худованд гурехтааст, чунон ки худаш ба онҳо баён намуд.
[11] Ва ба ӯ гуфтанд: «Бо ту чӣ кунем, то ки баҳр барои мо сокит шавад?» Зеро ки баҳр беш аз пеш мехурӯшид.
[12] Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Маро бардошта, дар баҳр андозед, — ва баҳр барои шумо сокит хоҳад шуд, зеро ман медонам, ки аз боиси ман ин тӯфони бузург ба сари шумо омадааст».
[13] Лекин он одамон бошиддат бел задан гирифтанд, то киштиро ба хушкӣ баргардонанд, аммо натавонистанд, зеро ки баҳр беш аз пеш бар зидди онҳо мехурӯшид.
[14] Он гоҳ сӯи Худованд нидо карда, гуфтанд: «Лутфан, эй Худованд, аз боиси ҷони ин одам ба ҳалокат нарасем, ва хуни бегуноҳро ба гардани мо намон; зеро ки Ту, эй Худованд, он чи бихостӣ, бикардӣ».
[15] Ва Юнусро бардошта, дар баҳр андохтанд; ва баҳр аз талотумаш бозистод.
[16] Ва он одамон аз Худованд сахт тарсиданд, ва барои Худованд қурбонӣ карданд, ва назрҳо бастанд.