Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба моҳии бузурге фармуд, ки Юнусро фурӯ барад; ва Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд.

[2] Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард,

[3] Ва гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам, ва Ту овози маро шунидӣ.

[4] Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ, ва селоб маро иҳота намуд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.

[5] Ва ман гуфтам: „Аз назари Ту ронда шудаам; вале қасри қудси Туро боз хоҳам дид“.

[6] Обҳо маро то ба ҷонам фаро гирифт; варта маро иҳота намуд; обсабза ба сарам печид.

[7] То бехи кӯҳҳо нузул кардам; замин бо ғалақаҳои худ то ба абад пеши роҳамро гирифт; лекин Ту, эй Худованд Худои ман, ҳаётамро аз дӯзах баровардӣ.

[8] Вақте ки ҷонам дар ман аз ҳол мерафт, Худовандро ба ёд овардам, ва дуои ман ба даргоҳи Ту, ба қасри қудси Ту расид.

[9] Пайравони бутҳои бекора Эҳсонкунандаи худро тарк мекунанд,

[10] Лекин ман бо овози шукрона барои Ту қурбонӣ хоҳам кард; он чи назр намудаам, адо хоҳам кард. Наҷот дар дасти Худованд аст!»

[11] Ва Худованд ба моҳӣ бигуфт, ва Юнусро ба хушкӣ қай кард.

Китоби Юнуси Набӣ — Chapters