Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Мусо ва пирони Исроил ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Тамоми аҳкомеро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.

[2] Ва дар рӯзе ки аз Урдун ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, убур кунед, барои худ сангҳои бузург барпо намо, ва бар онҳо оҳак бимол;

[3] Ва бар онҳо, ҳамин ки убур кардӣ, ҳамаи суханони ин шариатро бинавис, то ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, дохил шавӣ, — ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.

[4] Ва ҳангоме ки аз Урдун убур кунед, ин сангҳоро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, бар кӯҳи Эбол барпо намоед, ва бар онҳо оҳак бимол.

[5] Ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд Худои худ бино намо, ки қурбонгоҳи сангин бошад; олати оҳанин бар онҳо кор нафармо;

[6] Аз сангҳои яклухт қурбонгоҳи Худованд Худои худро бино намо, ва бар он барои Худованд Худои худ қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим кун.

[7] Ва курбониҳои саломатӣ забҳ намуда, дар он ҷо бихӯр ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ бикун.

[8] Ва бар он сангҳо ҳамаи суханони ин шариатро бо хати равшан бинавис».

[9] Ва Мусо ва коҳинони левизода ба тамоми Исроил сухан ронда, гуфтанд: «Сукут намо ва бишнав, эй Исроил! Имрӯз ту қавми Худованд Худои худ гардидаӣ.

[10] Пас, овози Худованд Худои худро бишнав, ва аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал овар».

[11] Ва Мусо дар он рӯз ба қавм амр фармуда, гуфт:

[12] «Ҳамин ки аз Урдун убур кунед, инҳо бояд бар кӯҳи Ҷаризим биистанд, то даме ки қавмро баракат диҳанд: Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор, Юсуф ва Биньёмин.

[13] Ва инҳо бояд бар кӯҳи Эбол биистанд, то даме ки лаънат хонанд: Реубен, Ҷод, Ошер, Забулун, Дон ва Нафтолӣ.

[14] Ва левизодагон хитоб намуда, ба ҳамаи исроилиён бо овози баланд хоҳанд гуфт:

[15] „Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!“ Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: „Омин!“

[16] „Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[17] „Малъун бод касе ки марзаи ёри худро вайрон кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[18] „Малъун бод касе ки нобиноеро дар роҳ ба иштибоҳ андозад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[19] „Малъун бод касе ки дар доварии ғариб, ятим ва бева каҷкорӣ кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[20] „Малъун бод касе ки бо зани падари худ бихобад, чунки домани падари худро ошкор кардааст!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[21] „Малъун бод касе ки бо ягон чорпо бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[22] „Малъун бод касе ки бо хоҳари худ, яъне бо духтари падари худ ё бо духтари модари худ, бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[23] „Малъун бод касе ки бо модарарӯси худ бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[24] „Малъун бод касе ки ёри худро дар пинҳонӣ бикушад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[25] „Малъун бод касе ки ришва гирад, то ки ҷоне нобуд гардида, хунаш ба ноҳақ рехта шавад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“

[26] „Малъун бод касе ки суханони ин шариатро ба ҷо наоварад ва бар тибқи онҳо амал накунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“»

Китоби панҷуми Мусо, Такрори Шариат — Chapters