[1] Дар он вақт Худованд ба ман гуфт: „Ду лавҳи санг мисли аввала барои худ битарош, ва назди Ман ба кӯҳ баро, ва сандуқе аз чӯб барои худ бисоз;
[2] Ва Ман бар ин алвоҳ суханонеро, ки бар алвоҳи аввалаи шикастаи ту буд, хоҳам навишт, ва ту онҳоро дар сандуқ бимон“.
[3] Ва ман сандуқе аз чӯби ақоқиё сохтам, ва ду лавҳи санг мисли аввала тарошидам, ва ба кӯҳ баромадам, ва он ду лавҳ дар дастам буд.
[4] Ва Ӯ бар алвоҳ мисли китобати аввала даҳ аҳкомеро, ки Худованд ба шумо дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъомад гуфта буд, навишт, ва Худованд онҳоро ба ман дод,
[5] Ва ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омадам, ва алвоҳро дар сандуқе ки сохта будам, гузоштам; ва онҳо дар он ҷо мебошад, чунон ки Худованд ба ман амр фармуда буд.
[6] Ва банӣ‐Исроил аз Беэрӯт‐Банӣ‐Яъқон ба Мӯсера кӯч карданд; дар он ҷо Ҳорун мурд ва дар он ҷо дафн карда шуд, ва писараш Элъозор ба ҷои ӯ саркоҳин гардид.
[7] Аз он ҷо ба Ҷудҷӯд кӯч карданд, ва аз Ҷудҷӯд — ба Ётвот, ки заминест пур аз чашмаҳои об.
[8] Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.
[9] Бинобар ин Левӣ дар миёни бародарони худ ҳисса ва меросе надорад: Худованд Худаш мероси вай аст, чунон ки Худованд Худои ту ба вай гуфтааст.
[10] Ва ман дар кӯҳ, мисли айёми аввала, чил рӯз ва чил шаб истодам, ва Худованд ин дафъа низ маро иҷобат намуд, ва Худованд нахост туро ба ҳалокат расонад.
[11] Ва Худованд ба ман гуфт: „Бархоста, пешопеши қавм равона шав; бигзор онҳо рафта, заминеро, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам, тасарруф намоянд“.
[12] Ва алҳол, эй Исроил, Худованд Худоят аз ту чӣ талаб дорад? Талабаш фақат ин аст, ки аз Худованд Худои худ битарсӣ, бо ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва Ӯро дӯст бидорӣ, ва Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоӣ,
[13] Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ.
[14] Инак, осмон ва фалакулафлок аз они Худованд Худои туст, ва замин ва ҳар он чи дар он аст!
[15] Аммо фақат ба падарони ту Худованд таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро дӯст дошт, ва насли онҳо, яъне шуморо баъд аз онҳо аз ҳамаи қавмҳо баргузид, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
[16] Пас, шумо ғилофаки дили худро махтун созед, ва минбаъд гарданкашӣ накунед.
[17] Зеро ки Худованд Худои шумо Худои худоён ва Худованди худовандон аст, Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин аст, ки рӯбинӣ намекунад, ва ришва намегирад;
[18] Ба ятим ва бева додрасӣ менамояд, ва ғарибро дӯст дошта, ба вай хӯрок ва пӯшок медиҳад.
[19] Пас, ғарибро дӯст бидор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед.
[20] Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
[21] Ӯ ифтихори туст ва Ӯ Худои туст, ки барои ту ин корҳои бузург ва аҷоибро, ки чашмонат дидааст, ба ҷо овард.
[22] Падарони ту бо ҳафтод нафар ба Миср омада буданд, ва алҳол Худованд Худоят туро мисли ситорагони осмон сершумор гардонидааст.