Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳангоме ки ба ҷанги зидди душмани худ берун равӣ, ва аспон ва аробаҳо ва қавмеро, ки аз ту сершумортар бошанд, бубинӣ, — аз онҳо натарс, зеро Худованд Худоят, ки туро аз Миср берун овард, бо туст.

[2] Ва ҳангоме ки ба майдони корзор наздик шавед, бигзор коҳин наздик омада, ба қавм сухан ронад,

[3] Ва ба онҳо гӯяд: „Бишнав, эй Исроил! Шумо имрӯз ба ҷанги зидди душманони худ шурӯъ менамоед; бигзор дили шумо суст нашавад, натарсед ва воҳима накунед ва аз онҳо ба ҳарос наафтед;

[4] Зеро ки Худованд Худои шумо бо шумо меравад, то ки барои шумо бо душманонатон ҷанг карда, шуморо наҷот диҳад“.

[5] Ва бигзор нозирон ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки хонаи нав сохта, аз он ҳанӯз истифода набурда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз он истифода барад;

[6] Ва касе ки ток шинонда, аз меваи он ҳанӯз нахӯрда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз меваи он бихӯрад;

[7] Ва касе ки занеро номзад карда, ҳанӯз варо нагирифта бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре варо бигирад“.

[8] Ва бигзор нозирон боз ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки тарсончак ва буздил бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, то ки дили бародарони худро мисли дили худаш тарсончак нагардонад“.

[9] Ва ҳангоме ки нозирон суханрониро бо қавм ба анҷом расонанд, бигзор сипаҳдорон бар сари қавм таъин карда шаванд.

[10] Ҳангоме ки ба шаҳре наздик оӣ, то ки барои забти он ҷанг кунӣ, онро ба сулҳ даъват намо.

[11] Ва агар он бо ту сулҳ намуда, дарвозаҳояшро барои ту бикшояд, бигзор тамоми қавме ки дар он бошанд, хироҷгузори ту гардида, хизмати туро ба ҷо оваранд.

[12] Валекин агар он бо ту сулҳ накунад, ва ба муқобили ту ҷанг пеша намояд, — онро муҳосира бикун.

[13] Ва ҳангоме ки Худованд Худои ту онро ба дасти ту бисупорад, ҳамаи мардони онро бо дами шамшер зарба бизан;

[14] Фақат занон ва кӯдакон ва чорпоён, ва ҳар он чи дар шаҳр бошад, яъне тамоми ғанимати онро барои худ тороҷ намо; ва аз ғанимати душманони худ, ки Худованд Худоят онро ба ту додааст, истифода бикун.

[15] Бо ҳамаи шаҳрҳое ки аз ту бағоят дуранд, ки аз шаҳрҳои ин халқҳо набошанд, чунин амал намо.

[16] Аммо аз шаҳрҳои ин қавмҳо, ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, ҳеҷ як ҷонро зинда нагузор,

[17] Балки онҳоро — ҳиттиён ва амӯриён, канъониён ва фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро, — чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, тамоман несту нобуд бикун,

[18] То шуморо таълим надиҳанд, ки мисли ҳамаи корҳои зиште ки онҳо бо худоёни худ мекарданд, амал намуда, пеши Худованд Худои худ гуноҳкор шавед.

[19] Агар шаҳреро айёми зиёде муҳосира намоӣ, то ки бо он ҷангида онро забт кунӣ, табаре бар дарахташ бардошта, онро нобуд накун, чунки аз меваи он мехӯрӣ, бинобар ин онро набур; зеро, оё дарахти саҳро одамизод аст, ки аз пеши ту ба истеҳкоме дохил шавад?

[20] Фақат дарахте ки дар бораи он ту медонӣ, ки дарахти ғизодор нест, — онро нобуд бикун ва онро бибур, то ба зидди шаҳре ки бо ту меҷангад, истеҳкоме бисозӣ, то даме ки он мағлуб шавад.

Китоби панҷуми Мусо, Такрори Шариат — Chapters