[1] Пас, туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳам,
[2] Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.
[3] Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;
[4] Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ хоҳанд овард.
[5] Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати ҳудро иҷро намо.
[6] Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.
[7] Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;
[8] Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд.
[9] Саъю кӯшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ.
[10] Зеро ки Димос ин дуньёро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Таслӯникӣ равона шуд; Крисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус — ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.
[11] Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.
[12] Ман Тӯхиқӯсро ба Эфсӯс фиристодам.
[13] Ҳангоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трӯас назди Қарпӯс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пӯстӣ навишта шудаанд.
[14] Искандари мисгар ба ман бисьёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ ҳоҳад дод.
[15] Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, зеро ки ӯ ба паёми мо сахт муқобилият кард.
[16] Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!
[17] Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.
[18] Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.
[19] Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифӯрус салом расон.
[20] Арастус дар Қӯринтӯс монд; ва Трофимӯсро дар Милитус бемор вогузоштам.
[21] Саъю кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Ӯвулӯс ва Пудис, ва Линӯс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.
[22] Исои Масеҳи Худованд бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.