[1] Ва инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид.
[2] Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл,
[3] Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,
[4] Ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд,
[5] Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
[6] Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмизоҷеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.
[7] Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд.
[8] Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо қиём карда буданд, ончунон инҳо низ, ки мардуми олудафикр ва мардуди имон мебошанд, ба муқобили ростӣ қиём мекунанд.
[9] Аммо бисьёр комьёб нахоҳанд шуд, зеро ки аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор ҳоҳад шуд, чунон ки дар хусуси Янис ва Ямбрис низ воқеъ шуда буд.
[10] Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ,
[11] Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод.
[12] Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд;
[13] Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.
[14] Лекин ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст;
[15] Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.
[16] Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст,
[17] То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.