Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:56

[1] Пас, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош.

[2] Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд.

[3] Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар.

[4] Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад.

[5] Ва агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад.

[6] Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра барад.

[7] Он чи мегӯям, бифаҳм ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод.

[8] Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман,

[9] Ки барои он, мисли бадкоре, то ба дараҷаи занҷирҳо уқубат мекашам, аммо каломи Худо ба занҷирҳо банд нест.

[10] Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд.

[11] Дуруст аст ин суҳан: агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагӣ ҳам хоҳем кард;

[12] Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард;

[13] Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад.

[14] Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд ба онҳо дастур деҳ, ки ба баҳсу мунозира машғул нашаванд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро парешонхотир месозад.

[15] Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.

[16] Вале аз ёвагӯии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард,

[17] Ва суханашон, ҳамчун мараз, паҳн хоҳад шуд. Дар миёни онҳо Ҳумниюс ва Филитус ҳастанд,

[18] Ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки «эҳьё аллакай воқеъ шудааст», ва имони баъзеро хароб мекунанд.

[19] Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: «Худованд мансубони Худро мешиносад»; ва боз: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд».

[20] Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок.

[21] Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.

[22] Аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез ва бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав.

[23] Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд;

[24] Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад,

[25] Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд

[26] Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст.

Номаи дуюми Павлус ба Тимотиюс — Chapters