[1] Дар айёми ӯ Набукаднесар, подшоҳи Бобил, лашкар кашид, ва Еҳӯёқим се сол бандаи вай буд, вале баргашта, ба муқобили вай шӯриш бардошт.
[2] Ва Худованд фавҷҳои калдониён, ва фавҷҳои арамиён, ва фавҷҳои мӯобиён, ва фавҷҳои банӣ‐Аммӯнро бар ӯ фиристод, ва онҳоро бар Яҳудо фиристод, то ки онро нобуд кунад, бар ҳасби каломи Худованд, ки ба воситаи бандагонаш анбиё ба забон ронда буд.
[3] Аммо ин бар ҳасби амри Худованд ба сари Яҳудо омад, то ки онро аз ҳузури худ дур андозад, ба сабаби гуноҳҳои Менашше, мувофиқи ҳар он чи ӯ ба амал оварда буд;
[4] Ва низ аз боиси хуни бегуноҳон, ки ӯ рехта, Ерусалимро аз хуни бегуноҳон пур карда буд; ва Худованд нахост, ки ӯро биомурзад.
[5] Ва бақияи аъмоли Еҳӯёқим, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
[6] Ва Еҳӯёқим бо падарони худ хобид, ва писараш Еҳӯёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
[7] Ва подшоҳи Миср дигар аз замини худ набаромад, зеро ки подшоҳи Бобил аз наҳри Миср то наҳри Фурот ҳар чиро, ки ба подшоҳи Миср тааллуқ дошт, гирифта буд.
[8] Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёкин ҳаждаҳсола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард, ва номи модараш Наҳушто бинти Элнотон, аз Ерусалим, буд.
[9] Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш ба амал оварда буд.
[10] Дар он замон навкарони Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Ерусалим наздик омаданд, ва шаҳр муҳосира карда шуд.
[11] Ва Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба шаҳр омад, дар сурате ки навкаронаш онро муҳосира карда буданд.
[12] Ва Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудо, назди подшоҳи Бобил берун омад: худаш ва модараш ва навкаронаш ва миронаш ва хоҷасароёнаш; ва подшоҳи Бобил, дар соли ҳаштуми подшоҳии худ, ӯро гирифт.
[13] Ва тамоми хазоини хонаи Худованд ва хазоини хонаи подшоҳро аз он ҷо берун овард; ва тамоми колои тиллоеро, ки Сулаймон, подшоҳи Исроил, барои қасри Худованд сохта буд, пора‐пора кард, чунон ки Худованд гуфта буд.
[14] Ва тамоми аҳли Ерусалим, ва ҳамаи мирон, ва ҳамаи мардони ҷангиро ба асирӣ гирифта бурд, — асиршудагон даҳ ҳазор нафар буданд, — ва ҳамаи ҳунармандон ва оҳангаронро низ; ғайр аз камбағалони қавми мамлакат касе боқӣ намонд.
[15] Ва Еҳӯёкинро асир карда, ба Бобил бурд; ва модари подшоҳ, ва занони подшоҳ, ва хоҷасароёнаш, ва ҳамаи бузургони мамлакатро ба асирӣ гирифта, аз Ерусалим ба Бобил бурд.
[16] Ва ҳамаи мардони ҷангиро ба миқдори ҳафт ҳазор нафар, ва ҳунармандон ва оҳангаронро ба миқдори ҳазор нафар, ки ҳамаашон баҳодурони ҷангозмуда буданд, подшоҳи Бобил асир карда, ба Бобил овард.
[17] Ва подшоҳи Бобил амаки ӯ Маттаньёро ба ҷои ӯ подшоҳ кард, ва номи варо ба Сидқиёҳу мубаддал намуд.
[18] Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ӯ ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ҳамутал бинти Ирмиёҳу, аз Либно, буд.
[19] Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи Еҳӯёқим ба амал оварда буд.
[20] Зеро он чи дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба сабаби ғазаби Худованд буд, то ба дараҷае ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт. Ва Сидқиёҳу ба муқобили подшоҳи Бобил шӯриш бардошт.