[1] Ва ҳангоме ки Худованд Ильёсро дар гирдбод ба осмон бароварданӣ шуд, Ильёс бо Элишоъ аз Ҷилҷол мерафт.
[2] Ва Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Байт‐Ил фиристодааст». Ва Элишоъ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Байт‐Ил фурӯд омаданд.
[3] Ва банӣ‐анбиёе ки дар Байт‐Ил буданд, назди Элишоъ берун омаданд, ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».
[4] Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Эй Элишоъ, лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Ериҳӯ фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Ериҳӯ омаданд.
[5] Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ буданд, ба Элишоъ наздик омада, гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».
[6] Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Урдун фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва ҳар дуяшон рафтанд.
[7] Ва панҷоҳ нафар аз банӣ‐анбиё рафта, дар рӯ ба рӯи онҳо аз дур истоданд. Ва ҳар дуяшон назди Урдун истода буданд.
[8] Ва Ильёс ридои худро гирифта, лӯла кард, ва обро зад, ва он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва ҳар дуяшон дар хушкӣ убур карданд.
[9] Ва баъд аз он ки убур карданд, Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Хоҳиш намо, ки барои ту чӣ кунам, пеш аз он ки аз ту гирифта шавам». Ва Элишоъ гуфт: «Лутфан, бигзор рӯҳи ту бар ман дучанд насиб гардад».
[10] Ва ӯ гуфт: «Чизи мушкиле ту хоҳиш намудӣ. Агар бубинӣ, ки чӣ гуна ман аз ту гирифта мешавам, бароят чунин хоҳад шуд, вагар на — нахоҳад шуд».
[11] Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Ильёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд.
[12] Ва Элишоъ инро дида, фарьёд зад: «Эй падарам, падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!» Ва ӯро дигар надид, ва либосҳои худро гирифта, ду пора кард.
[13] Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, бардошт, ва баргашта, дар соҳили Урдун истод.
[14] Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, гирифт, ва обро зада, гуфт: «Худованд Худои Ильёс куҷост?» Ҳамин ки ӯ низ обро зад, он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва Элишоъ убур кард.
[15] Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ дар рӯ ба рӯяш буданд, ӯро дида, гуфтанд: «Рӯҳи Ильёс бар Элишоъ қарор гирифтааст». Ва ба истиқболи ӯ омада, ба ӯ то замин таъзим карданд.
[16] Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, бо бандагонат панҷоҳ марди пурзӯр ҳастанд; бигзор онҳо рафта, оғоятро ҷустуҷӯ намоянд: шояд, рӯҳи Худованд ӯро бардошта, бар яке аз кӯҳҳо ва ё дар яке аз дараҳо партофта бошад». Вале ӯ гуфт: «Нафиристед».
[17] Валекин онҳо ба ӯ бисьёр исрор карданд, ба тавре ки ӯ безор шуда, гуфт: «Бифиристед». Ва панҷоҳ нафарро фиристоданд, ва онҳо се рӯз ҷустуҷӯ намуданд, вале ӯро наёфтанд.
[18] Ва назди ӯ баргаштанд, дар сурате ки ӯ дар Ериҳӯ буд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ман, охир, ба шумо гуфтам, ки наравед».
[19] Ва аҳли шаҳр ба Элишоъ гуфтанд: «Инак, мавзеи ин шаҳр хуб аст, чунон ки оғои мо мебинад; валекин обаш ганда, ва заминаш бачакуш аст».
[20] Ва ӯ гуфт: «Ба ман косаи наве биёред ва намак дар он биандозед». Ва ба ӯ оварданд.
[21] Ва ӯ назди сарчашмаи об берун рафта, намакро дар он андохт, ва гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Ман ин обро шифо бахшидам, ва аз он дигар мавт ва бачамурӣ рӯй нахоҳад дод“».
[22] Ва он об шифо ёфт, ки то имрӯз чунин аст, бар тибқи сухане ки Элишоъ гуфтааст.
[23] Ва аз он ҷо ӯ ба Байт‐Ил равона шуд; ва ҳангоме ки ӯ дар роҳ мерафт, бачагони хурд аз шаҳр берун омада, ӯро истеҳзокунон гуфтанд: «Эй кал, бирав! Эй кал, бирав!»
[24] Ва ӯ ба пушташ нигариста, онҳоро дид, ва онҳоро ба исми Худованд лаънат гуфт. Ва ду хирс аз ҷангал берун омада, аз онҳо чилу ду писарбачаро дариданд.
[25] Ва аз он ҷо ӯ ба кӯҳи Кармил рафт, ва аз он ҷо ба Сомария баргашт.