Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Мӯоб, баъд аз фавти Аҳъоб, ба муқобили Исроил исьён бардошт.

[2] Ва Аҳазьё аз панҷараи болохонаи худ, ки дар Сомария буд, афтода, нотоб шуд; ва қосидонро фиристода, ба онҳо гуфт: «Рафта, аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, бипурсед, ки оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?»

[3] Ва фариштаи Худованд ба Ильёси тишбӣ гуфт: «Бархоста, ба истиқболи қосидони подшоҳи Сомария баро, ва ба онҳо бигӯй: „Магар дар Исроил Худо нест, ки шумо барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, меравед?“

[4] Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“». Ва Ильёс рафт.

[5] Ва қосидон назди ӯ баргаштанд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро баргаштед?»

[6] Ва ба ӯ гуфтанд: «Шахсе ба истиқболи мо баромад, ва ба мо гуфт: „Рафта, назди подшоҳе ки шуморо фиристодааст, баргардед, ва ба вай бигӯед: Худованд чунин мегӯяд: магар дар Исроил Худо нест, ки ту барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, мефиристӣ? Бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“».

[7] Ва ба онҳо гуфт: «Намуди он шахсе ки ба истиқболи шумо баромада, ин суханонро ба шумо гуфтааст, чӣ гуна буд?»

[8] Ва ба ӯ гуфтанд: «Вай марди мӯйдоре буд, ва камарбанди чармин бар камараш баста буд». Ва ӯ гуфт: «Вай Ильёси тишбӣ будааст».

[9] Ва мирипанҷоҳро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ назди вай омад, ва инак вай бар қуллаи кӯҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ мегӯяд: „Фурӯд ой“».

[10] Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.

[11] Ва боз мирипанҷоҳи дигарро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ ба вай сухан ронда, гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бо зудӣ фурӯд ой“».

[12] Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.

[13] Ва боз мирипанҷоҳи сеюмро бо панҷоҳ нафари ӯ фиристод. Ва мирипанҷоҳи сеюм равона шуда, расид ва пеши Ильёс бар зонуҳояш афтод, ва аз ӯ зорию илтиҷо намуда, гуфт: «Эй марди Худо! Лутфан, ҷони ман ва ҷони ин панҷоҳ нафар бандагонат дар назари ту азиз бошад.

[14] Инак, оташ аз осмон фурӯ рехта, ду мирипанҷоҳи аввалро бо панҷоҳ нафари онҳо сӯзонид; ва алҳол ҷони ман дар назари ту азиз бошад».

[15] Ва фариштаи Худованд ба Ильёс гуфт: «Бо вай фурӯд ой, аз вай натарс». Ва ӯ бархоста, бо вай назди подшоҳ фурӯд омад.

[16] Ва ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски қосидонро барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, фиристодаӣ, — гӯё ки дар Исроил Худо набошад, то ки каломи Ӯро бипурсӣ, — бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“».

[17] Ва ӯ бар тибқи каломи Худованд, ки Ильёс ба забон ронда буд, мурд, ва Йӯром дар соли дуюми Еҳӯром ибни Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, чунки ӯ писар надошт.

[18] Ва бақияи аъмоли Аҳазьё, ки кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Китоби чоруми Подшоҳои — Chapters