Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва фалиштиён бо Исроил ҷанг мекарданд, ва мардуми Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд, ва бар кӯҳи Ҷилбӯа шаҳид шуда афтоданд.

[2] Ва фалиштиён ба Шоул ва писаронаш омада расиданд; ва фалиштиён Йӯнотон ва Абинодоб ва Малкишуа — писарони Шоулро куштанд.

[3] Ва ҷанг бар зидди Шоул сахт шуд; ва сарбозоне ки тир аз камон меандохтанд, ӯро ба зери тир гирифтанд; ва ӯ аз дасти тирандозон бағоят дилтанг шуд.

[4] Ва Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Шамшери худро кашида, маро бо он бизан, мабодо ин номахтунон омада, маро ба хорӣ бикушанд». Вале силоҳбардораш нахост, зеро ки бағоят тарсид; ва Шоул шамшери худро гирифта, бар он афтод.

[5] Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, бо ӯ мурд.

[6] Ба ҳамин тариқ Шоул ва се писараш ва силоҳбардораш, низ ҳамаи одамонаш дар он рӯз якҷоя мурданд.

[7] Ва мардуми Исроил, ки дар он тарафи водӣ ва дар он тарафи Урдун буданд, чун диданд, ки исроилиён рӯ ба гурез овардаанд, ва Шоул ва писаронаш мурдаанд, — шаҳрҳоро партофта, гурехтанд, ва фалиштиён омада, дар онҳо сокин шуданд.

[8] Ва фардояш фалиштиён барои луч кардани шаҳидон омаданд, ва Шоул ва се писарашро ёфтанд, ки бар кӯҳи Ҷилбӯа афтода буданд.

[9] Ва сари ӯро буриданд, ва аслиҳаи ӯро гирифтанд, ва ба ҳар тарафи замини фалиштиён фиристоданд, то ки ба бутхонаҳои худ ва ба қавм башорат диҳанд.

[10] Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи Аштора гузоштанд, ва ҷасадашро бар ҳисори Байт‐Шон овехтанд.

[11] Ва сокинони Ёбиш‐Ҷилъод он чиро, ки фалиштиён ба Шоул карда буданд, шуниданд,

[12] Ва ҳамаи мардони далер бархоста, тамоми шаб роҳ паймуданд, ва ҷасади Шоул ва ҷасади писаронашро аз ҳисори Байт‐Шон гирифтанд, ва ба Ёбиш омада, онҳоро дар он ҷо сӯзониданд.

[13] Ва устухонҳои онҳоро гирифта, зери дарахти газ, ки дар Ёбиш аст, дафн карданд. Ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.

Китоби якуми Подшоҳон — Chapters