Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Самуили амрад пеши Элӣ хизматгузори Худованд буд; ва каломи Худованд дар он айём камьёфт буд, ва рӯъё ҳанӯз маъмул набуд.

[2] Ва рӯзе аз рӯзҳо чунин воқеъ шуд, ки Элӣ дар ҷояш хобида буд; ва чашмонаш хира гардида буд, ба тавре ки ӯ наметавонист бубинад.

[3] Ва чароғи Худо ҳанӯз хомӯш нашуда буд; ва Самуил дар маъбади Худованд мехобид, ки дар он ҷо сандуқи Худо буд.

[4] Ва Худованд Самуилро хонд, ва ӯ гуфт: «Лаббай!»

[5] Ва шитобон сӯи Элӣ рафта, гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Вале вай гуфт: «Ман туро нахондаам; баргашта, бихоб». Ва ӯ рафта, хобид.

[6] Валекин Худованд бори дигар хонд: «Эй Самуил!» Ва Самуил бархоста, назди Элӣ рафт, ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Вале вай гуфт: «Ман туро нахондаам, писарам; баргашта, бихоб».

[7] Ва Самуил Худовандро ҳанӯз намешинохт, ва каломи Худованд ҳанӯз бар ӯ зоҳир нашуда буд.

[8] Ва Худованд бори сеюм Самуилро хонд; ва ӯ бархоста, назди Элӣ рафт, ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Ва Элӣ фаҳмид, ки Худованд амрадро хондааст.

[9] Ва Элӣ ба Самуил гуфт: «Рафта, бихоб, ва ҳангоме ки туро бихонад, бигӯй: „Эй Худованд, бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад“». Ва Самуил рафта, дар ҷояш хобид.

[10] Ва Худованд омада, биистод ва, мисли дафъаҳои пеш, хонд: «Эй Самуил, Самуил!» Ва Самуил гуфт: «Бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад».

[11] Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Инак, Ман коре дар Исроил мекунам, ва ҳар касе ки дар бораи он бишнавад, хар ду гӯшаш садо хоҳад дод.

[12] Дар он рӯз Ман бар Элӣ ҳар он чиро, ки дар бораи хонадонаш гуфтаам, иҷро хоҳам кард; ба ин кор шурӯъ намуда, онро ба анҷом хоҳам расонид.

[13] Ва Ман ба ӯ хабар дода будам, ки хонадони ӯро ба сурати абадӣ доварӣ хоҳам намуд, барои он гуноҳи ӯ, ки ӯ медонист, ки писаронаш бар худ лаънат меоваранд, вале ӯ онҳоро ҷилавгирӣ накард.

[14] Бинобар ин Ман дар ҳаққи хонадони Элӣ қасам хӯрдаам, ки гуноҳи хонадони Элӣ бо қурбонй ва ҳадия то абад кафорат нахоҳад шуд».

[15] Ва Самуил то субҳ хобид, ва дарҳои хонаи Худовандро воз кард; ва Самуил тарсид, ки ин рӯъёро ба Элӣ хабар диҳад.

[16] Вале Элӣ Самуилро хонда, гуфт: «Эй писарам Самуил!» Ӯ гуфт: «Лаббай!».

[17] Ва гуфт: «Чӣ суханест, ки ба ту гуфтааст? Лутфан, аз ман пинҳон надор! Худо ба ту чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар аз ҳар чизе ки ба ту гуфтааст, чизеро аз ман пинҳон дорӣ».

[18] Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».

[19] Ва Самуил калон мешуд; ва Худованд бо ӯ буд, ва аз ҳамаи суханонаш чизе зоеъ намерафт.

[20] Ва тамоми Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, донистанд, ки Худованд Самуилро набии амини Худ ёфтааст.

[21] Ва Худованд боз дар Шилӯ зоҳир шудан гирифт, чунон ки Худованд дар Шилӯ бо каломи Худованд бар Самуил зоҳир шуд.

Китоби якуми Подшоҳон — Chapters