[1] Ва Худованд ба Самуил гуфт: «То ба кай ту барои Шоул мотам мегирӣ? Ман, охир, ӯро аз подшоҳӣ кардан бар Исроил рад намудаам. Шохи худро аз равған пур карда, бирав: Ман туро назди Йисои байтлаҳмӣ мефиристам, зеро ки аз миёни писаронаш барои Худ подшоҳ пайдо кардаам».
[2] Ва Самуил гуфт: «Чӣ гуна биравам? Агар Шоул бишнавад, маро хоҳад кушт». Худованд гуфт: «Гӯсолае бо худ бигир, ва бигӯй: „Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам“.
[3] Ва Йисойро ба қурбонӣ даъват намо, ва Ман ба ту маълум хоҳам кард, ки чӣ бояд бикунӣ, ва ту касеро, ки ба ту бигӯям, барои Ман тадҳин хоҳӣ намуд».
[4] Ва Самуил он чиро, ки Худованд гуфта буд, ба амал оварда, ба Байт‐Лаҳм омад; ва пирони шаҳр ба пешвози ӯ шитофта, гуфтанд: «Хайра мақдам!»
[5] Гуфт: «Ассалом! Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам. Худро тақдис намуда, бо ман ба қурбонӣ биёед». Ва ӯ Йисой ва писаронашро тақдис кунонид, ва онҳоро ба қурбонӣ даъват намуд.
[6] Ва ҳангоме ки онҳо омаданд, ӯ Элиобро дида, дар дили худ гуфт: «Яқинан, масеҳи Худованд ба ҳузури ӯст».
[7] Вале Худованд ба Самуил гуфт: «Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам; он чи одам мебинад, ҳеҷ аст, зеро одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад».
[8] Ва Йисой Абинодобро хонда, аз пеши Самуил гузаронид, вале ӯ гуфт: «Инро низ Худованд интихоб накардааст».
[9] Ва Йисой Шамморо гузаронид; вале ӯ гуфт: «Инро ҳам Худованд интихоб накардааст».
[10] Ва Йисой ҳафт писарашро аз пеши Самуил гузаронид; вале Самуил ба Йисой гуфт: «Худованд инҳоро нитихоб накардааст».
[11] Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Оё дигар писар надорӣ?» Вай гуфт: «Боз писари хурдӣ ҳаст, ки ӯ рамаро мечаронад». Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Фиристода, ӯро биёр, зеро ки то ӯ ба ин ҷо набиёяд, ба сари суфра нахоҳем нишаст».
[12] Ва фиристода, ӯро оваронид. Ва ӯ сурхрӯ буда, чашмони зебо ва чеҳраи некӯ дошт. Ва Худованд гуфт: «Бархоста, ӯро тадҳин намо, зеро ки ҳамин аст».
[13] Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд. Ва Самуил бархоста, ба Ромо рафт.
[14] Валекин Рӯҳи Худованд аз Шоул дур шуд; ва рӯҳи баде аз ҷониби Худованд ӯро ба изтироб меандохт.
[15] Ва навкарони Шоул ба ӯ мегуфтанд: «Инак, рӯҳи баде аз ҷониби Худованд туро ба изтироб меандозад.
[16] Бигзор оғои мо ба навкарони худ, ки ба ҳузури ту мебошанд, амр фармояд, ки барбатнавози моҳиреро пайдо кунанд; ва ҳар гоҳ бар ту рӯҳи баде аз ҷониби Худованд биёяд, вай бо дасташ бинавозад, ва аҳволат беҳтар хоҳад шуд».
[17] Ва Шоул ба навкаронаш гуфт: «Касеро, ки ба навохтан моҳир бошад, барои ман пайдо карда, назди ман биёред».
[18] Ва яке аз навкарон ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Инак, ман писари Йисои байтлаҳмиро дидаам, ки ба навохтан моҳир, ва шердил, ва марди ҷангӣ, ва хушзабон, ва зеботалъат мебошад, ва Худованд бо ӯст».
[19] Ва Шоул қосидонро назди Йисой фиристода, гуфт: «Писарат Довудро, ки бо рама аст, назди ман бифирист».
[20] Ва Йисой бар харе нон, ва машки шароб, ва як бузғола бор карда, ба воситаи писараш Довуд назди Шоул фиристод.
[21] Ва Довуд назди Шоул омада, ба ҳузури ӯ биистод; ва Шоул варо бағоят дӯст дошт, ва Довуд силоҳбардори ӯ гардид.
[22] Ва Шоул назди Йисой фиристода, гуфт: «Бигзор Довуд ба ҳузури ман бимонад, зеро ки вай ба назари ман писанд омад».
[23] Ва чун рӯҳ аз ҷониби Худо бар Шоул меомад, Довуд барбатро гирифта, бо дасташ менавохт; ва Шоул роҳат карда, аҳволаш беҳтар мешуд, ва рӯҳи бад ӯро тарк мекард.