Румиён 2
[1] Пас ту, эй инсон, агар дигаронро барои кори нодурусте, ки худат ҳам онро мекунӣ, айбдор намойӣ, ягон узре надорӣ. Зеро дигаронро айбдор намуда, ту худатро низ айбдор мекунӣ.
[2] Мо медонем, ки Худо касонеро, ки чунин корҳоро мекунанд, аз рӯйи адолат ҷазо медиҳад.
[3] Эй инсон, наход фикр кунӣ, ки дигаронро айбдор намуда, вале ба мисли онҳо рафтор карда, аз ҷазои Худо мегурезӣ?
[4] Оё ту меҳрубонӣ, раҳмдилӣ ва пурсабрии Худоро хор мешуморӣ? Магар намедонӣ, ки меҳрубонии Худо туро ба тавба кардан мебарад?
[5] Азбаски ту гарданшах ҳастию тавба кардан намехоҳӣ, ғазаби зиёдеро ҷамъ меоварӣ, ки дар Рӯзи ғазаби Худо ва ошкор шудани ҳукми одилонаи Ӯ бар сарат мерезад.
[6] Ӯ ба ҳама мувофиқи корҳояшон подош медиҳад.
[7] Худо ба онҳое, ки доим корҳои нек карда, дар ҷустуҷӯйи шуҳрату шаъну шараф ва ҳаёти ҷовидона буданд, ҳаёти абадӣ медиҳад.
[8] Аммо онҳое, ки худписанд ҳастанд ва на ба ҳақиқат, балки ба бадӣ итоат мекунанд, қаҳру ғазаби Худоро мебинанд.
[9] Ба сари ҳама одамоне, ки бадӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар азобу бало меояд.
[10] Вале ба онҳое, ки некӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар Худо шуҳрату шаъну шараф ва сулҳу осоиштагӣ медиҳад!
[11] Зеро Худо ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад!
[12] Вақте ки ғайрияҳудиён гуноҳ карданд, ҳарчанд ки шариати Мусоро надоштанд, нобуд мешаванд. Вале онҳое, ки шариат дошта, гуноҳ карданд, аз рӯйи он ҳукм карда мешаванд.
[13] Зеро на шунавандагони шариат, балки онҳое, ки фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, дар назари Худо сафед карда мешаванд.
[14] Ҳар вақте ки ғайрияҳудиёне, ки шариат надоранд, аз рӯйи виҷдонашон фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, бо ин амалашон нишон медиҳанд, ки худашон барои худ шариат ҳастанд.
[15] Онҳо бо ин рафторашон нишон медиҳанд, ки фармонҳои шариат дар дилҳои онҳо навишта шудаанд. Виҷдону фикрҳояшон низ ба ҳамин шаҳодат медиҳанд, вақте ки ба онҳо: «Ин рафторат дуруст аст» ё баръакс: «Нодуруст рафтор карда истодаӣ!» мегӯянд.
[16] Мувофиқи хушхабаре, ки ман эълон мекунам, рӯзе меояд, ки Худо тамоми сирру корҳои пинҳонии одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ мекунад.
[17] Масалан, ту худро яҳудӣ меномӣ ва ба шариат такя намуда, аз шинохтани Худо фахр мекунӣ
[18] ва хости Худоро медонӣ. Азбаски шариатро омӯхтаӣ, ту дурустро аз нодуруст фарқ карда метавонӣ.
[19] Ту дилпур ҳастӣ, ки худат кӯронро роҳнамоӣ мекунӣ ва барои онҳое, ки дар торикӣ гумроҳ шудаанд, нур ҳастӣ.
[20] Худро устоди беақлон ва муаллими кӯдакон меҳисобӣ, чунки шариатеро медонӣ, ки пур аз донишу ҳақиқат аст.
[21] Пас, чаро ту дигаронро таълим дода, худатро таълим намедиҳӣ? Чаро ба дигарон таълим медиҳӣ, ки дуздӣ накунанд, лекин худат дуздӣ мекунӣ?
[22] Барои чӣ ба дигарон мегӯйӣ, ки зино накунанд, аммо худат зино мекунӣ? Чаро «Бутҳоро бад мебинам» мегӯйӣ, лекин чизҳои аз бутхонаҳо дуздидашударо истифода мебарӣ?
[23] Ту аз шариат фахр мекунӣ, лекин онро вайрон намуда, ба Худо беҳурматӣ мекунӣ.
[24] Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ба сабаби шумо номи Худо дар байни ғайрияҳудиён дашном дода мешавад».
[25] Зеро вақте ки ту фармонҳои шариатро иҷро мекунӣ, хатна, яъне дастҳалолкунӣ, фоида дорад. Вале агар ту шариатро риоя накунӣ, гӯё хатнанашуда ҳастӣ.
[26] Агар шахси хатнанашуда фармонҳои шариатро иҷро намояд, наход Худо вайро хатнашуда ҳисоб накунад?
[27] Аз ин сабаб шахси хатнанашудае, ки шариатро риоя менамояд, туро айбдор мекунад, чунки ту шариатро дорӣ ва хатна шудаӣ, лекин шариатро иҷро намекунӣ.
[28] Шахс на аз рӯйи намуди зоҳирӣ яҳудӣ ҳисоб мешавад ва хатна ҳам чизи зоҳирӣ ва ҷисмонӣ нест.
[29] Яҳудии ҳақиқӣ ҳамонест, ки ботинан пок аст ва хатнаи ҳақиқӣ на иҷрои шариати навишташуда, балки ба воситаи Рӯҳулқудс дигаргун шудани дил аст. Чунин шахсро на одамон, балки Худо таъриф мекунад.