Румиён 10
[1] Эй бародарону хоҳарон, дар дил орзу дорам ва дар пеши Худо дуо мекунам, ки халқи Исроил наҷот ёбад.
[2] Ман шоҳиди он ҳастам, ки исроилиён дар дил нисбат ба Худо рашку ташнагӣ доранд, вале фаҳмишашон нодуруст аст.
[3] Онҳо росткориеро, ки Худо медиҳад, нафаҳмиданд. Инчунин ба росткории Худо итоат накарда, хостанд, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шаванд.
[4] Зеро Масеҳ анҷомдиҳандаи шариат аст ва акнун, ҳар кӣ ба Масеҳ имон оварад, росткор ҳисобида мешавад.
[5] Мусо дар бораи росткор шудан ба воситаи шариат чунин менависад: «Ҳар кӣ тамоми шариатро иҷро мекунад, бо он зинда мемонад».
[6] Аммо навиштаҷот дар бораи росткорие, ки ба воситаи имон дода мешавад, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: Кӣ ба осмон мебарояд?», то ки Масеҳро ба замин биёрад.
[7] Ё: «Кӣ ба олами мурдагон мефарояд?», то ки Масеҳро аз мурдагон зинда кунад.
[8] Аммо навиштаҷот чунин мегӯяд: «Каломи Худо ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дар дили туст». Мо ана ҳамин каломи имонро эълон мекунем.
[9] Агар ту бо даҳонат эътироф намоӣ, ки Исо Худованд аст ва дар дилат имон оварӣ, ки Худо Исоро аз мурдагон зинда кардааст, наҷот меёбӣ.
[10] Зеро инсон дар дил имон оварда, росткор ҳисобида мешавад ва бо даҳон эътироф намуда, наҷот меёбад.
[11] Навиштаҷот чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда нахоҳад шуд».
[12] Ин ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба халқҳои дигар якхел дахл дорад, чунки Худованд барои ҳама як аст. Худованд ба ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ муроҷиат мекунанд, баракати фаровон медиҳад.
[13] Зеро, «ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта, фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт».
[14] Аммо чӣ тавр одамон, дар ҳоле ки ба Худованд имон наовардаанд, номи Ӯро ба забон гиранд? Чӣ тавр дар бораи Ӯ нашунида имон биёранд? Инчунин, агар касе ба онҳо хушхабарро эълон накунад, чӣ тавр мешунаванд?
[15] Ҳамчунин чӣ тавр касе, ки барои эълон кардани хушхабар фиристода нашуда бошад, хушхабарро эълон кунад? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ хел зебоянд пойҳои одамоне, ки хабари хушро эълон мекунанд».
[16] Аммо на ҳама хабари хушро қабул карданд. Зеро пайғамбар Ишаъё чунин мегӯяд: «Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст?»
[17] Бино бар ин, имон аз шунидан ба вуҷуд меояд, яъне аз шунидани хабари хуш дар бораи Масеҳ пайдо мешавад.
[18] Вале ман пурсидан мехоҳам, ки оё исроилиён хабари хушро нашунидаанд? Албатта шунидаанд! Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Овози эълонкунандагон дар тамоми олам паҳн шудааст ва суханони онҳо то ба канораҳои ҷаҳон расидаанд».
[19] Вале боз мепурсам, шояд халқи Исроил нафаҳмид? Лекин Худо ба воситаи Мусо ба исроилиён чунин мегӯяд: «Ман ба воситаи мардуме, ки ҳатто халқ ҳисоб намешаванд, шуморо ба рашк хоҳам овард ва бо халқи бефаҳм шуморо ба ғазаб хоҳам овард».
[20] Сипас, пайғамбар Ишаъё сухани Худоро далерона эълон мекунад: «Маро онҳое ёфтанд, ки Маро ҷустуҷӯ намекарданд. Ман Худро ба онҳое маълум кардам, ки дар бораи ин аз Ман хоҳиш накарда буданд».
[21] Аммо дар бораи халқи Исроил чунин мегӯяд: «Тамоми рӯз ба сӯйи ин мардуми беитоат ва якрав дастони Худро дароз кардам».