Skip to content
Opens in a new window

Яъқуб 3

Listen to this chapter • 3:47

[1] Эй бародарону хоҳаронам, бигзор бисёре аз шумо ҳаракати муаллими калом шуданро накунад, зеро худатон медонед, ки аз мо, муаллимон, дар вақти ҷавобдиҳӣ бисёртар пурсида хоҳад шуд.

[2] Аниқ, ки ҳама дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пешпо мехӯранд, аммо касе, ки дар сухан ҳеҷ хато намекунад, шахси комил аст ва тамоми баданашро ҳам идора карда метавонад.

[3] Масалан, мо барои ром кардани аспҳо ба даҳонашон лаҷом мезанем ва он вақт тамоми баданашонро ба ҳар ҷо ки хоҳем, гардонда метавонем.

[4] Ё мисоли дигар киштиро гирем. Ҳарчанд он калон буда, бо вазидани шамоли шадид ҳаракат кунад ҳам, аммо роҳбари киштӣ онро ба ҳар тарафе, ки хоҳад, бо як чархи хурди суккон мегардонад.

[5] Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад.

[6] Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд.

[7] Инсон ҳар гуна ҳайвоноту парандаҳо ва хазандаҳову ҷонварони обиро ром кардааст ва ром мекунад,

[8] лекин забони худро ҳеҷ яке ром карда наметавонад. Забон як бадии идоранашаванда ва пур аз заҳри марговар аст.

[9] Бо он мо Худованд ва Падари Осмониамонро шукргузорӣ мекунему ҳамчунон бо он одамонро лаънат мегӯем. Ҳол он ки инсон ба монанди Худо офарида шудааст.

[10] Пас, аз як забон ҳам шукргузорӣ ва ҳам лаънат мебарояд. Бародарону хоҳаронам, ин хел набояд бошад.

[11] Магар аз як чашма оби ширину оби шӯр ҷорӣ шуда метавонад?!

[12] Ё магар дарахти анҷир меваи зайтун ва ё токи ангур меваи анҷир бор меоварад?! Аз чашмаи оби шӯр низ оби ширин ҷорӣ шуда наметавонад.

[13] Агар касе аз байни шумо хирадманд ва бофаҳм бошад, бигзор инро бо зиндагии хуб ва амалҳое, ки бо хоксории хираду ҳикмат анҷом дода мешаванд, нишон диҳад.

[14] Аммо агар дар дилҳои шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ вуҷуд дошта бошад, худситоӣ накунед, ки таърифатон бар зидди ростӣ аст.

[15] Ин гуна ҳикмат аз ҷониби Худо нест, балки ҳикмати заминӣ, дунявӣ, яъне шайтонӣ мебошад.

[16] Зеро ҳар вақте ки дар байни шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ ҳаст, дар ҳамон ҷо бетартибӣ ва ҳар гуна фисқу фасод мебошад.

[17] Аммо ҳикмате, ки аз ҷониби Худо меояд, пеш аз ҳама пок аст ва баъд сулҳпарвар, нармдил, равшанфикр, пур аз раҳму шафқат ва самараҳои нек, самимӣ ва бе рӯйбинӣ мебошад.

[18] Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки росткорӣ аст, ба даст меоваранд.

Яъқуб — Chapters