Skip to content
Opens in a new window

Яъқуб 2

Listen to this chapter • 5:10

[1] Эй бародарону хоҳаронам, шумо ки ба Худованди пуршукӯҳу ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед.

[2] Фарз кардем, ки шахсе бо ангуштарини тилло дар даст ва либосҳои қиматбаҳо дар тан ба ҷамъомади шумо медарояд. Ҳамин вақт як камбағале ҳам бо либоси куҳнаву ҷанда дохили маҷлис мешавад.

[3] Шумо бошед, ба шахси сарулибоси қиматбаҳо пӯшида «Аз боло гузаред!» мегӯеду ба камбағал «Ана, ҳо дар он ҷо ист» ё «Пеши пойҳои ман, рӯйи замин нишин» мегӯед.

[4] Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед?

[5] Гӯш кунед, бародарону хоҳарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағаланд, аммо аз ҷиҳати имон сарватманд ҳастанд ва Подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда додааст, насибашон мегардад.

[6] Аммо шумо камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин бойҳо шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд?

[7] Магар онҳо шахсоне нестанд, ки номи бошарафи Масеҳро дашном медиҳанд? Дар ҳоле ки шумо аз они Масеҳ ҳастед.

[8] Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Дигаронро мисли худат дӯст бидор», он гоҳ кори хуб мекунед.

[9] Аммо агар рӯйбинӣ намоед, гуноҳ мекунед ва аз рӯйи шариат шумо қонуншикан ҳисоб мешавед.

[10] Зеро агар шахсе ҳамаи гуфтаҳои шариатро иҷро намуда, фақат як нуқтаи онро вайрон кунад, дар шикастани тамоми қонуни шариат айбдор мегардад.

[11] Зеро ҳамоне ки «Зино накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Қатл накун». Пас, агар шумо зино накунед, вале қатл кунед, қонуншикан мешавед.

[12] Бино бар ин, гуфтору рафтори шумо бояд мисли гуфтору рафтори шахсе бошад, ки аз рӯйи шариати озодибахшанда ҳукм хоҳад шуд.

[13] Зеро шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад.

[14] Инак, эй бародарону хоҳаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад?

[15] Фарзи мисол, як бародар ё хоҳаре аз ҷумлаи имондорон сарулибос ва ризқу рӯзӣ надошта бошаду

[16] яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро набинӣ», аммо ба муҳтоҷии модиаш ҳеҷ кӯмак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст?

[17] Имон ҳам агар беамал бошад, имони мурда аст.

[18] Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам».

[19] Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто ҷинҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд.

[20] Эй беақл, мехоҳӣ исбот кунам, ки имон беамал фоида надорад?

[21] Ту медонӣ, ки аҷдодамон Иброҳим писараш Исҳоқро дар болои қурбонгоҳ қурбонӣ карданӣ шуда буд. Магар на ба хотири ҳамин амалаш ӯ беайб ҳисобида шуд?

[22] Мебинӣ, ки ӯ ҳам бовар карду ҳам амал кард ва имонаш бо амалаш пурра шуд.

[23] Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Иброҳим ба Худо бовар кард ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд.

[24] Пас, ҳоло мебинед, ки инсон на фақат аз рӯйи имонаш, балки ҳамчунин аз рӯйи амалаш беайб ҳисоб мешавад.

[25] Ба монанди ин ҳатто фоҳишае ба номи Роҳоб бо амалаш беайб ҳисоб шуд. Ӯ ба ҷосусони аз тарафи халқи Худо фиристодашуда паноҳ дода, баъд онҳоро аз роҳи дигар ба саломатӣ равона карда буд.

[26] Хулоса, ҳамон тавре ки бадан бе рӯҳ мемирад, имон низ бе амал мемирад.

Яъқуб — Chapters