Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:59

[1] Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш шуморо наҷот додааст. Ҳоло ҳамчун ҳамкорони Худо мо аз шумо илтиҷо мекунем, ки ин наҷотро зери по карда бефоида накунед.

[2] Зеро Худо мегӯяд: «Дар вақти мувофиқ туро шунидам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад расондам». Инак он вақти мувофиқ расидаасту имрӯз рӯзи наҷот аст.

[3] Мо ягон касро ба васваса намеандозем, то ки ҳеҷ кас хизмати моро бадном накунад.

[4] Баръакс, бо сабру тоқат дар ҳама чиз, дар азобу уқубат, дар муҳтоҷӣ ва дар ҳар гуна душворӣ худро ҳамчун хизматгорони бовафои Худо нишон медиҳем.

[5] Мо шӯришҳову меҳнати сахт, лату кӯбу шабҳои бехобӣ ва гуруснагиро аз сар гузаронидем.

[6] Ҳамчунин мо хизматгорони Худо буданамонро дар дили соф, дониш, сабр, меҳрубонӣ, муҳаббати самимона ва ба воситаи Рӯҳулқудс, ки дар вуҷудамон ҳаст, нишон медиҳем.

[7] Мо ҳақиқатро таълим медиҳем ва қудрати Худо дар вуҷудамон амал мекунад. Ҳам барои дасти чап ва ҳам барои дасти рости мо ҳаёти покамон ҳамчун аслиҳаи ҷангӣ аст.

[8] Новобаста ба он ки одамон моро ҳурмат мекунанд ё намекунанд, ифтихор мекунанд ё бадгӯйӣ мекунанд, мо ба Худо хизмат мекунем. Мо ростқавл ҳастем, лекин одамон моро фиребгар меноманд.

[9] Моро хуб намешиносанд, вале мо машҳур ҳастем. Бо марг рӯ ба рӯ бошем ҳам, ҳанӯз зинда ҳастем. Азобу шиканҷа кашем ҳам, кушта нашудаем.

[10] Моро ғамгин мекунанд, мо бошем, ҳамеша шодӣ мекунем. Камбағал ҳастем, лекин дигаронро бой мегардонем. Мо ҳеҷ чиз надорем, вале дорои ҳама чиз ҳастем.

[11] Эй мардуми шаҳри Қуринтус! Мо ба шумо кушоду равшан гап задем ва аз таҳти дил шуморо дӯст доштем.

[12] Мо муҳаббати худро аз шумо дареғ намедорем. Ин шумоед, ки муҳаббати худро аз мо дареғ медоред.

[13] Ман ба шумо ҳамчун ба фарзандони худам мегӯям, ки шумо низ дилҳои худро ба мо кушоед.

[14] Бо онҳое, ки беимонанд, якҷо нашавед. Охир росткорӣ бо бадкорӣ чӣ алоқа дорад? Ё нур бо торикӣ чӣ чизи умумӣ доранд?

[15] Магар дар байни Масеҳ ва шайтон ягонагие ҳаст? Охир имондор чӣ гуна шарики шахси беимон шуда метавонад?

[16] Оё бутҳо ба макони муқаддаси Худо, яъне ба маъбадаш тааллуқ доранд? Албатта не! Мо маъбади Худои зинда ҳастем. Чунон ки Худо гуфтааст: «Ман андаруни онҳо сокин шуда, дар байнашон мегардам. Ман Худои онҳо мешавам ва онҳо халқи Ман мешаванд».

[17] «Барои ҳамин аз миёни беимонон берун омада, аз онҳо ҷудо шавед. Ба чизҳои нопоки онҳо нарасед ва Ман шуморо қабул хоҳам кард.

[18] Ман Падари шумо мешавам ва шумо писарону духтарони Ман мешавед», мегӯяд Худованди Тавоно.

2 Қуринтиён — Chapters