[1] Шумо дар бораам нодуруст гумон мекунед, вақте мегӯед, ки ман дар мактубҳоям боҷуръат менависаму дар наздатон бошад хоксор ҳастам. Дар асл ман ин тавр нестам. Ҳоло ман – Павлус бо хоксорию меҳрубонии Исои Масеҳ аз шумо илтиҷо мекунам, ки
[2] маро маҷбур накунед, ки ба наздатон омада, бо онҳое, ки рафтори моро нафсонӣ меноманд, боҷуръат рафтор кунам.
[3] Мо дар ин дунё ҷисмонӣ зиндагӣ кунем ҳам, ҷанги мо ҷисмонӣ нест.
[4] Мо бо аслиҳаи ин дунё намеҷангем, балки бо қуввати Худо меҷангем, ки он қалъаҳоро хароб мекунад ва бар фикрҳои дурӯғин ғолиб мебарояд.
[5] Мо ҳар фахреро, ки муқобили шинохтани Худо аст, нест мекунем ва ҳар андешаро барои итоати Масеҳ асир мегирем.
[6] Пас аз он ки шумо пурра ба Масеҳ итоат намудед, мо ҳар касеро, ки беитоатӣ мекунад, ҷазо медиҳем.
[7] Ба як далели дақиқ эътибор диҳед. Касе ки дилпурона «ман ба Масеҳ тааллуқ дорам», мегӯяд, бояд донад, ки мо ҳам мисли вай ба Масеҳ тааллуқ дорем.
[8] Ҳатто агарчи ман аз қудратамон каме фахр кунам ҳам, аз ин шарм намедорам. Чунки ин қудратро Худованд ба мо на барои хароб кардан, балки барои обод кардани шумо додааст.
[9] Гумон накунед, ки ман шуморо бо номаҳоям тарсондан мехоҳам.
[10] Касе мегӯяд, ки ман дар номаҳоям сахтгир ва пурқувват, вале дар наздашон нотавон ҳастам ва суханонам таъсирбахш нестанд.
[11] Чунин шахс бояд донад, ки чӣ хеле ки дар мактубҳоямон бошем, дар ҳузури шахсию дар корҳоямон низ ҳамон тавр ҳастем.
[12] Мо ҷуръат намекунем, ки худамонро бо касоне, ки худро бузург меҳисобанд, баробар ё муқоиса кунем. Онҳо бехирадона худро бо якдигар муқоиса мекунанд.
[13] Лекин мо аз чизҳое, ки ба он ҳақ надорем, фахр намекунем, балки фақат аз корҳое фахр мекунем, ки Худо моро барои иҷрояш фиристод ва шумо бошед, қисми ҳамон кор ҳастед.
[14] Азбаски шумо ба он ҳад дохил мешавед, мо аз он нагузашта, якум шуда, ба наздатон омадем ва хушхабари Масеҳро эълон намудем.
[15] Аз меҳнати дигарон, ки гӯё онро мо карда бошем, фахр намекунем, балки умедвор мешавем, ки бо зиёд шудани имонатон барои мо имконияти кор кардан дар байни шумо зиёд мешавад.
[16] Дар ин ҳолат мо хушхабарро дар ҷойҳои дуртар эълон мекунем ва бо он корҳое, ки қаблан дар ҷойи одамони дигар анҷом дода шудааст, фахр намекунем.
[17] Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд: «Агар фахр кардан хоҳанд, аз Худованд фахр кунанд».
[18] Зеро на касоне, ки худро арзанда меҳисобанд, балки касоне, ки Худованд онҳоро арзанда меҳисобад, фиристодаи ҳақиқӣ ҳастанд.