Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:11

[1] Валекин ту суҳанонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигӯ.

[2] Ба пирамардон бигӯ, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд;

[3] Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,

[4] То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд,

[5] Боисмат, пок, ғамҳори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад.

[6] Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд.

[7] Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо,

[8] Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад.

[9] Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд,

[10] Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд.

[11] Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст,

[12] Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем,

[13] Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,

[14] Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.

[15] Инро бигӯ ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиноӣ накунад.

Номаи Павлус ба Титус — Chapters