Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:51

[1] Павлус, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист,

[2] Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст,

[3] Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳандаи мо Худо ба ман супурда шудааст, —

[4] Ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.

[5] Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонӣ ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам:

[6] Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фисқу фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаанд.

[7] Зеро ки усқуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бошад, на ҳудписанд, на хашмгин, на бадмаст, на муштзӯр, на тамаъкор,

[8] Балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боисмат, боинсоф, парҳезгор, худдор.

[9] Ӯ бояд ба каломи ҳақиқӣ, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад.

[10] Зеро ки бисьёр касони беитоат, ёвагӯй ва фиребгар ҳастанд, алалхусус аз байни махтунон.

[11] Даҳонашон бояд баста шавад: онҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рӯи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест.

[12] Шоире аз байни худашон чун набие чунин гуфтааст: «Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал».

[13] Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд,

[14] Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростӣ рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд.

[15] Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст.

[16] Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.

Номаи Павлус ба Титус — Chapters