Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:34

[1] Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Айни ҳамон нуктаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо кувватбахш аст.

[2] Аз сагон эҳтиёт шавед, аз коркунони бад эҳтиёт шавед, аз хатна эҳтиёт шавед;

[3] Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем,

[4] Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман — бештар,

[5] Ки ман дар рӯзи ҳаштум маҳтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат — фарисӣ,

[6] Аз ҷиҳати ғайрат — таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ — беайб.

[7] Лекин он чи барои ман бартарӣ буд, ба ҳотири Масеҳ нуқсон донистам.

[8] Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам

[9] Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,

[10] То ки Ӯро, ва қуввати эҳьёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам,

[11] Ба умеди он ки ба эҳьёи мурдагон бирасам.

[12] На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кӯшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст.

[13] Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз ҳотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда,

[14] Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ.

[15] Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор ҳоҳад соҳт.

[16] Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рӯи он бояд рафтор кунем.

[17] Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки онҳо мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд.

[18] Зеро бисьёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гирья мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд;

[19] Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.

[20] Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,

[21] Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.

Номаи Павлус ба Филиппиён — Chapters