Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:23

[1] Пас, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнӯдии муҳаббат бошад, агар алокаи рӯҳ бошад, агар марҳамат ва дилсӯзӣ бошад, —

[2] Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед,

[3] Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед,

[4] Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.

[5] Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,

[6] Ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт.

[7] Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,

[8] Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.

[9] Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст,

[10] То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,

[11] Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.

[12] Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ — на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, — бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,

[13] Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.

[14] Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,

[15] То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,

[16] Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.

[17] Лекин, агар ман курбонии рехтание бар курбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;

[18] Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.

[19] Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зудӣ назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам.

[20] Зеро каси дигаре мисли ӯ надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;

[21] Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.

[22] Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.

[23] Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чӣ мешавад;

[24] Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.

[25] Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед.

[26] Чунки ӯ иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст.

[27] Ҳақиқатан бемории ӯ марговар буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на фақат ба ӯ, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад.

[28] Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то ки шумо Ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.

[29] Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед,

[30] Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.

Номаи Павлус ба Филиппиён — Chapters