Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:34

[1] Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед,

[2] Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.

[3] Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст;

[4] Ҳамчунин алфози қабеҳа ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст;

[5] Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад.

[6] Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суҳанони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин ғазаби Худо бар писарони исьён меояд.

[7] Пас, шарики онҳо нашавед.

[8] Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,

[9] Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст;

[10] Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист.

[11] Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.

[12] Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, сухан рондан ҳам нанговар аст.

[13] Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рӯшноӣ зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст;

[14] Бинобар ин гуфта шудааст: «Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, бархез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пошид».

[15] Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон,

[16] Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст.

[17] Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.

[18] Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,

[19] Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ суҳан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед,

[20] Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед,

[21] Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.

[22] Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад,

[23] Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст;

[24] Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.

[25] Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд,

[26] То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд,

[27] Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.

[28] Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад.

[29] Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро;

[30] Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ.

[31] Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд.

[32] Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам.

[33] Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.

Номаи Павлус ба Эфсӯсиён — Chapters