[1] Барои ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.
[2] Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,
[3] Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам,
[4] Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам.
[5] Он дар наслҳои пешина ба банӣ‐одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбиё ба василаи Рӯҳ ошкор шудааст,
[6] Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.
[7] Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам.
[8] Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам
[9] Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,
[10] То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,
[11] Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро Ӯ дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,
[12] Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.
[13] Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.
[14] Бинобар ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,
[15] Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,
[16] Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед,
[17] Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад,
[18] То ки шумо, дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тӯл ва умқу баландии
[19] Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.
[20] Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, —
[21] Ӯро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.