Skip to content
Opens in a new window

Филемӯн

Listen to this chapter • 3:54

[1] Салом Филемӯни азиз, дӯст ва ҳамкори мо! Ман, Павлус, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ ҳастам, ҳамроҳи бародари мо Тимотиюс ба ту

[2] ва ҷамоати хонагиат, ба хоҳар Апфия ва ҳамсафи мо Архипус

[3] файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонем!

[4] Туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, доимо Худоямро шукр мегӯям,

[5] зеро шунидам, ки ба тамоми халқи Худо муҳаббат нишон медиҳӣ ва ба Худованд Исои Масеҳ бовафо ҳастӣ.

[6] Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ, афзун намояд.

[7] Бародари азиз, муҳаббати ту маро хеле хурсанд ва рӯҳбаланд намуд, чунки ту ба дили имондорон қувват бахшидӣ.

[8] Гарчанде аз Масеҳ ихтиёр дорам, ки ба ту далерона фармон диҳам,

[9] лекин баҳри муҳаббати мо хостам ҳамчун Павлуси пир ва акнун зиндонӣ ба хотири Исои Масеҳ, аз ту хоҳиш кунам.

[10] Хоҳишам дар бораи Онисимус аст, ки дар зиндон ба воситаи ман имон овард.

[11] Пеш Онисимус ба ту даркор набуд, лекин ҳоло ба ҳардуямон ҳам даркор аст.

[12] Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам.

[13] Хеле мехостам, дар наздам бошаду ҳангоме ки барои хушхабар зиндонӣ ҳастам, ба ҷойи ту ба ман хизмат кунад.

[14] Аммо бе розигии ту ин корро кардан нахостам, то ки некиат на аз рӯйи маҷбурӣ, балки бо хости худат бошад.

[15] Шояд барои ҳамин Онисимус ба муддате аз ту ҷудо карда шуда буд, ки сипас то абад бо ту монад.

[16] Лекин акнун ӯ на чун ғулом, балки хеле болотар, ҳамчун бародари азизат бошад. Барои ман Онисимус хеле азиз аст, лекин барои ту ӯ ҳамчун коргар ва пайрави Масеҳ азизтар аст.

[17] Инак, агар маро шарики худ донӣ, ӯро тавре қабул намо, ки гӯё маро қабул мекарда бошӣ.

[18] Ҳар зараре, ки ба ту расондааст ё ҳар чизе, ки қарздор шудааст, ман ба сари худ мегирам.

[19] Ана, ман, Павлус, худам ба ту менависам, ки қарзҳои ӯро бармегардонам, агарчи метавонистам гӯям, ки худи ту бо буду шудат аз ман қарздор ҳастӣ.

[20] Бале, бародар, мехоҳам ба хотири Худованд аз ту фоидае бинам. Диламро дар Масеҳ қувват бахш!

[21] Дилам аз ту пур аст, ки гапи маро ба замин намегузорӣ. Ман медонам, ки ту аз гуфтаам бештар мекунӣ, аз ҳамин сабаб ба ту менависам.

[22] Боз хоҳише дорам, ки бароям ҳуҷрае тайёр кунӣ, чун умедворам, ки бо дуоҳои шумо ба наздатон бармегардам.

[23] Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст, ба ту салом мерасонад.

[24] Инчунин салом ба ту аз ҳамкоронам Марқӯс, Аристархус, Димос ва Луқо.

[25] Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бошад!